Даргузашти судяи суди вилояти Суғд Бадриддин Шарифзода дар садамаи нақлиётӣ
Шарифзода Бадриддин Нуриддин, судяи суди вилояти Суғд зимни садамаи нақлиятӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Варзоб) аз олам даргузашт. Ҳодиса имрӯз, 21 август рух додааст. Дар ин бора пайвандони марҳум ба Pressa.tj хабар доданд.
Ҷузъиёти бештари қазия дар даст нест. Гуфта мешавад, ки Шарифзода Бадриддин аз шаҳри Панҷакент ҷониби Душанбе меомадааст.
Яке аз пайвандони марҳум ба pressa.tj хабар дод, ки ҷанозаи марҳум субҳи 22 август (соати 9) дар зодгоҳаш – деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.
Бадриддин Шарифзода 49 сол дошт. Ӯ соли 1976 дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, нахуст Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъдан факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ аввал дар Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор карда, дар ноҳияҳои Рашту Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун судя фаъолият дошт. Ахиран дар вазифаи судяи суди вилояти Суғд фаъолият мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ