Даргузашти устоди рақси тоҷик Гавҳар Мирҷумъаева
Раққосаи маъруф ва устоди рақси тоҷик Гавҳар Мирҷумъаева дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар доданд.
Раққосаи номвар солҳои охир дар шаҳри “Исфара” роҳбари ансамбли рақсии “Зумрад” буд.
Номбурда соли 1942 таваллуд шудааст. Аз соли 1957 дар Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон иштирок намуда, аз ҳамон сол раққосаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира Камоли Хуҷандии Хуҷанд) ба кор қабул мешавад. Солҳои 1965-72 М раққоса, 1971-1972 сарбалетмейстер ва солҳои 1979-1980 саррежиссёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1986 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза». Аз соли 1986 сарбалетмейстери ансамбли фолклорию этнографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар як вақт муаллимаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе. Дар оғози солҳои 2000-ум Гавҳар Мирҷумъаева ба Исфара кӯчида ансамбли рақсии “Зумрад”-ро таъсис дод ва то охири умр сарварии онро ба дӯш дошт.

Гавҳар Мирҷумъаева ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Афғонистон (1961), Канада, Покистон (1967), Австрия (1981), Сурия (1981) ва ғайра сафари ҳунарӣ кардааст. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ