Даргузашти журналисти саршиноси тоҷик Дорои Дӯст

Дорои Дӯст, яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз, 18 декабр дар масҷиди “Аминҷон”-и маҳаллаи 61-уми пойтахт хонда шуд ва марҳумро дар Оромгоҳи Сариосиё ба хок супориданд.

Дорои Дӯст аз ҷумлаи журналистони номвари тоҷик буд. Солҳои 70-ум асри гузашта ӯ дар тими Бӯринисо Бердиева буд ва барои бедории фикрӣ ва худшиносии миллии тоҷикон талошҳои зиёде намудааст. Номи ӯ дар қатори яке аз эҳёкунандагони ҷашни Наврӯз дар замони Шӯравӣ ва қабули қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 меистад. 

Дорои Дӯст соли 1940 дар рустои Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз дида ба ҷаҳон кушодааст. Соли 1957 мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси зодгоҳ, соли 1963 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ҳамсабақи донишгоҳии шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ буд ва бо ӯ то вопасин рӯзҳои умраш робитаи дӯстӣ дошт.

Пас аз адои хизмати ҳарбӣ Дорои Дӯст аз соли 1965 то соли 2007 дар нашрияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Омӯзгор» (пештар бо номҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» нашр мешуд) ба сифати мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои олӣ фаъолият кард.  Бо нишонҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР» ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сазовор гардидааст.

Дорои Дӯст баъди бонишаста шудан аз фаъолияти журналистӣ канор рафт ва солҳои охири умрашро дар ҳалқаи пайвандонаш мегузаронд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *