Дастоварди бонуи тоҷик дар озмуни байналмилалӣ
Фирӯза Эмомова, мушовири Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар озмуни байналмилалии илмӣ-амалии «Ифтихори миллат – 2025» сазовори ҷоиза гардид.
Бинои ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, озмуни байналмилалии илмӣ-амалии «Ифтихори миллат – 2025» 17 август дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд.
Дар озмун Фирӯза Эмомова дар мавзуи «Ҳамоҳангии санъати пластикӣ дар меъмории Тоҷикистон ва Узбекистон» пешниҳоди илмӣ манзур намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Фирӯза Эмомова дар зарфи зиёда аз 30 соли фаъолият ба дастовардҳои зиёде дар соҳаи меъморӣ ноил гаштааст. Ӯ узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон мебошад. Барои эҷоди мусаввараҳои нодир ва нишон додани маҳорати баланди касбӣ ба чандин мукофотҳо, аз ҷумла нишонҳои «Барои саҳми арзанда дар соҳаи меъморӣ», “Аълочии фарҳанг”, “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва медали “Хизмати шоиста” сазовор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ