Давлатзода Қудрат

Давлатзода: Донишҷӯёни соҳиби дастовард аз пардохти шартнома озоданд

Кадом донишҷӯе, ки ба ягон дастоварди хуб ноил мегардад, агар шартномавӣ таҳсил кунад, аз пардохти маблағи шартнома озод карда мешавад,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Давлатзода Қудрат.

Бино ба изофаи ӯ, агар чунин донишҷӯёни соҳиби дастовард буҷавӣ таҳсил карда истода бошанд, бо маблағҳои пулӣ таъмин мегарданд.

Соли гузашта 70 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ бо кор таъмин шуданд. Ин натиҷаи хуб аст. Устодоне, ки бо забонҳои хориҷӣ дарс медиҳанд, 30 фоиз аз дигар устодон маоши баланд мегиранд. Дар донишгоҳ 700 нафар хориҷиён таҳсил мекунанд, ки қисми зиёдашон аз Осиёи Марказӣ мебошанд,- афзуд ректор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *