Депорти 17 000 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Дар ним сол 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳудуди Русия ихроҷ шуданд.
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ сабаби ронда шудани муҳоҷиронро гуногун, аз ҷумла риоя накардани қонунҳои Русия рабт дод.
«Дар умум, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 387 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, бозгашти онҳо дар ин давра каме бештар аз 324 ҳазор нафарро ташкил медиҳад» – афзуд вазир.
Вазир гуфт, ҳангоми санҷиши ҳолати манъи вуруди шаҳрвандон ба Русия 4731 нафарро (4163 нафар мард ва 568 нафар зан), ки дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумот мавҷуд буданд, аз сафар ба Русия баргардониданд. Ӯ қайд кард, ки муҳоҷирати кории тоҷикистониҳо дар нимсолаи гузашта дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 16 дарсад кам ва бозгашти онҳо ба кишвар 3 дарсад бештар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ