Депорти 3400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия дар 6 моҳ

Дар шаш моҳи аввали соли равон 3400 муҳоҷир аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, сабаби баргардондан ва депорти муҳоҷирон комил набудани ҳуҷҷатҳояшон барои кору зиндагӣ дар Русия мебошад.

Назарзода таъкид намуд, ки авҷи депорту баргардонидани муҳоҷирон ба як моҳи баъди ҳаводиси «Крокус» рост омада, феълан вазъ ба реҷаи муқаррарӣ баргаштаст. Ӯ афзуд, онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил надоранд, бе монеа сафар мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *