Депортшудаҳои Русия афв мешаванд

Вазорати корҳои дохилии Русия омодагиашро эълон кард, ки вақти патентдиҳиро ду баробар кам карда, муҳлати амали онро  зиёд мекунад.

Ин пешниҳодро ба ВКД Русия Борис Титов, комиссари назди президенти Русия додааст.

Дар ҳуҷҷат гуфта шуддаст, ки  «Вазорати корҳои дохилӣ, барои аз 10 то 5 рӯз кам кардани муҳлати додани патент омода буда, ҳамзамон муҳлати амали онро бо риояи тамоми талаботи лозима дар доираи назорати муҳоҷират тамдид мекунад».

Муовини вазири корҳои дохилӣ Андрей Храпов муроҷиатномаро имзо кардааст, вале Хадамоти амният  ва Вазорати молия пешниҳодҳои Титовро рад кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам  ба ин пешниҳод розӣ аст, ба шарте, ки  ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тартиби ҷалби муҳоҷиронро такмил диҳанд.

Қаблан Титов ба ҳукумати Русия пешниҳоди ислоҳ кардани қонуни федералиро фиристода буд, ки мувофиқи он маҳдудияти эътибори патент барои хориҷиён аз 12 то 36 моҳ зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, муҳоҷироне, ки аз Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол депорт шудаанд, авф карда шаванд.

Вай гуфтааст, ки барои ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муҳоҷирон лозим мешавад, ки гоҳе то 20 рӯз сарф кунанд. Ниҳоят ҳар сол як моҳ ҳуҷҷатҳо аз муомилоти иқтисодӣ мебароянд ва соҳибкорон аз ин зарар дида, камтар ба буҷет андоз аз даромадро мепардозанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *