ДМТ: Ду шурои нави диссертатсионӣ ба фаъолият оғоз карданд
Имрӯз, 10 март дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ва раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода бо аъзои ду шурои нави диссертатсионии назди донишгоҳ: шурои адабиётшиносӣ (аз нав) ва шурои рӯзноманигорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ иброз дошт, ки имрӯз дифои рисолаҳои илмӣ аз муҳаққиқон, роҳбарони илмӣ, мудирони кафедраҳо ва аъзои шуроҳои диссертатсионӣ масъулияти баланди илмӣ ва касбиро талаб менамояд. Дар анҷоми суханронӣ ректори Донишгоҳ ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ муваффақият орзу намуд.
Дар навбати худ раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Давлатзода С.Х. оид ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионии навтаъсис, тартиби дурусти омода намудани ҳуҷҷатҳои номзадӣ ва докторӣ, меъёрҳои баҳодиҳӣ ба рисолаҳои илмӣ, роҳандозии фаъолияти самараноки шуроҳо ва иҷрои талаботи низомнома суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шурои диссертатсионии адабиётшиносӣ бо рамзи 6D.KOA-122 аз рӯйи се ихтисос таъсис дода шудааст:
· 6D020501 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ;
· 6D021002 – Адабиёти халқҳои мамлакатҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия;
· 6D021403 – Матншиносӣ ва нусхашиносӣ.
Ҳамчунин, Шурои диссертатсионии рӯзноманигорӣ бо рамзи 6D.KOA-123 аз рӯйи ду ихтисос таъсис дода шуд:
· 6D050401 – Рӯзноманигорӣ;
· 6D051601 – Рӯзноманигории байналмилалӣ.
Таъкид гардид, ки дар сатҳи баланди илмӣ омода намудани рисолаҳои илмӣ ва мутобиқ сохтани мавзуъҳои таҳқиқот ба талаботи замони муосир яке аз вазифаҳои муҳимми аъзоёни шуроҳо ба шумор меравад.
Дар анҷоми ҷаласа академик Азиззода Абдуҷаббор ҳамчун раиси Шурои диссертатсионии адабиётшиносӣ ва Ҳошимзода Бахтиёр ҳамчун раиси Шурои диссертатсионии рӯзноманигорӣ оид ба пешбурди фаъолияти минбаъдаи шуроҳо суханронӣ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ