Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ реҳлат кард

Рӯҳонии шинохтаи тоҷик Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, , рӯзи 13-уми апрел дар синни 80-солагӣ ба Ҳақ пайваст. Домулло Ҳикматуллоро, ки «аз бузургтарин ва яке аз охирин намояндагони мактаби таърихии тасаввуфу тақво дар тамоми минтақа» меноманд, дар Рашт мезист. Маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод баргузор мешавад.
Домулло Ҳикматулло, рӯҳонии суннатгаро, ҳамвора аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ карда, ҳафт сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи Президент кунанд.
Ӯ соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус «итоат ба подшоҳ»-ро воҷиб дониста буд. «Амри итоат намудан ба подшоҳ… дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад», — гуфта буд ӯ.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар чанд сафараш ба водии Рашт бо Домулло Ҳикматулло мулоқот кардааст. Домулло Ҳикматулло моҳи январи соли 2015 ҷанги Сурияро «фитна» номид ва гуфт, ширкат дар ин «фитна» барои мусалмонон, аз ҷумла барои ҷавонони тоҷик, раво нест.
Домулло Ҳикматулло дар гузашта узви фаъоли Шӯрои уламои Маркази исломӣ буд. Соли 2004 намозгузории занонро дар масоҷиди Тоҷикистон макрӯҳ эълом карданд. Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ таълими ибтидоии диниро дар замони Шӯравии собиқ ва дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ ва Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, сипас, дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *