Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ — равзанаи фардои дурахшони шумо

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар такя ба таърихи 78-солаи худ ҳамчун боргоҳи муқаддас ва муҳими ахлоқӣ дар тарбияи насли донишманду босавод, тарбияи омўзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг, қавииродаву кордон нуфузи хоса касб намуда, дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат нақши созгор дорад.

Имрўз ин чароғи маърифат ва кохи бошукуҳи маориф ба як машъали фурўзон табдил ёфта, ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўён кору фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, нақшаи корӣ, қарорҳои Шӯрои олимони Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ тавассути омода намудани кадрҳои баландихтисос муаррифӣ намудани кишвари азизамон — Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои назаррасу муҳимро анҷом дода истодаанд. Донишгоҳ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2023-2024 аз рўйи 58 ихтисос эълон менамояд. Бо интихоби Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ояндаи шумо дурахшон хоҳад шуд.

Раҳмон Дилшод Сафарбек, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ

Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дорои хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷўёну омўзгорон (муҳайё бо тамоми шароити зист), 8 марказ, аз ҷумла маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ, табъу нашр, рушди касбият, ҳунарҳои мардумӣ, шурои диссертатсионӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, лабораторияҳои замонавии тахассусӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронӣ пайваст бо интернети баландсуръат, 8 маркази имтиҳонотии тестӣ, шабакаи ягонаи таълимӣ пайваст ба сервери ягонаи пуриқтидор, маҷлисгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, радиои дохилӣ, варзишгоҳҳои тобистонаву зимистонаи мутобиқ ба талаботи муосир, Парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, маркази касбомўзӣ, литсей, коллеҷи омўзгорӣ, сомонаи расмӣ, нашрия, маҷаллаҳои илмӣ, лагери истироҳатӣ, кўдакистон, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраки донишҷўён, ошхонаҳои муосиру замонавӣ, марказҳои хизматрасонии компютерӣ буда, ба муҳассилин 625 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ курсҳои кўтоҳмуддати тайёрӣ амал мекунанд, ки довталабонро аз рўйи кластерҳои тахассусии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамоянд.

Донишгоҳ таҳсилро дар таълими рўзона ва низоми таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда, ҳамчунин, барои идомаи таҳсил баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда имконият муҳайё намудааст.

Дар Донишгоҳ маҳфилҳои гуногуни илмӣ-фаннӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷӯён бевосита аъзои онҳо буда, савияи дониши худро сайқал медиҳанд ва тавассути ин маҳфилҳо дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар донишгоҳ шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи PhD фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо илмӣ саҳми беназир доранд. Танҳо дар соли 2022-юм 13 нафар омўзгорон рисолаҳои номзадӣ, 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуда, дар аввали соли 2023-юм 15 нафари дигар барои дифои рисолаҳои илмии худ иҷозат гирифтанд.

Маҳз заҳмату талошҳои шабонарўзии ҳайати олимону профессорон ва докторону номзадҳои илми Донишгоҳ аст, ки ҳамасола донишҷўёни Донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори мақомҳои фахрӣ ва соҳиби диплому ҷоизаҳо мегарданд.

Интихоби Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ равзанаи фардои дурахшони шумо хоҳад буд!

НОМИ ПУРРА: Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ»

СУРОҒА: 735360, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кўлоб, кўчаи С. Сафаров, 16

ТЕЛ.: 8(33-22) 2-35-06, 2-35-09, факс: 8(33-22) 2-35-06

НИШОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ: [email protected]

СОМОНАИ ИНТЕРНЕТӢ: www.kgu.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *