наручник

Истаравшан: Боздошти раиси ҷамоат бо гумони гирифтани пора

Раиси ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан барои гирифтани пора аз ҷониби кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

Аз ин раиси ҷамоат Баҳрулло Очилов ном мебаранд ва ӯ барои гирифтани 30 ҳазор сомонӣ пора айбдор мешавад.

Дар ин бора сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба журналистон гуфт. Иттилоъ дода шуд, ки ин шахси мансабдор моҳи июни соли 2022 бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрванд Ю. Ф. барои ҷудо кардани қитъаи замин ба миқдори 0,06 гектар маблағ гирифтааст. Ҳамчунин, дар ин росто муовини раиси ҷамоат низ мувоифиқи маслиҳати пешакӣ аз ин ҳодиса огоҳ будааст.

“14-уми июни соли 2022 нисбати номбурдагон бо моддаҳои 247, қисми 3, банди “а”, 338, қисми 2, банди “б, в” ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”,- илова намуд сардори Раёсат.

Гуфта шуд, ки пас аз тасдиқ парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли гузашта 455 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст, ки нисбати соли 2021 зиёд аст. Зиёдшавии ҷиноят асосан дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ ва тандурустӣ дида мешавад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ асосан дар МИҲД — 45 ҷиноят, соҳаи маориф — 40 ҷиноят ва соҳаи тандурустӣ — 64 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст”,- гуфтанд масъулини Агентии зидди фасод.

Тамоюли зиёдшавии фасод мувофиқи шаҳру ноҳияҳо бошад, дар шаҳри Хуҷанд 14 ҳолат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 11 ҳолат, дар Ашт 17 ҷиноят ва ҳамчунин дар Исфараву Конибодому Бӯстон ба қайд гирифта шудааст.

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *