Хушвахтзода

Дар ДМТ боз шӯрои диссертатсионии Русия таъсис меёбад

Имрӯз, 3 март ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар шаҳри Москва бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия Владимир Михайлович Филиппов вохӯрӣ намуд.

Ин дидору суҳбат дар доираи баргузории 15-умин Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ва Форуми Донишгоҳи шабакаи АвруОсиё, ки имрӯз дар пояи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов доир гардид, ташкил шудааст.

Бино ба иттилои масъулини ДМТ, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таъсиси шӯроҳои диссертатсионии нави Комиссияи олии аттестатсионии ФР дар назди донишгоҳ табодули афкор намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар донишгоҳ барои ихтисосҳои нодир таъсиси шӯроҳои диссертатсионии ФР дар назар аст. Ҷонибҳо барои омӯзиши ин масъала ва омода намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мувофиқа расидаад.

Ҳоло дар ДМТ 24 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 8 адад шӯрои назди К18-и ФР ва 18 адад шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *