Донишҷӯёни ДАТ пас аз таҷрибаомӯзӣ бо кор таъмин мешаванд

Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таҷрибаомӯзӣ ва пешаздипломии худро дар корхонаҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ зикр кард, ки таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад донишҳои назариявиро амалӣ кунанд, малакаи касбиро такмил диҳанд ва бо касби ояндаи худ аз наздик шинос шаванд. Қисме аз донишҷӯён пас аз таҷрибаомӯзӣ ба кор ҷалб мешаванд.

Ҳамзамон, ректор гуфт, ки ҳоло дар донишгоҳ 39 кафедра фаъолият мекунанд, ва донишҷӯён бо ҳамкорӣ бо 56 филиали кафедра дар корхонаҳои пешқадами соҳавӣ таҷриба мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *