Довталаб-2021: Аз имтиёз то навгонӣ дар раванди ҳуҷҷатсупорӣ
Аз 1-уми марти соли равон бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон оғоз мегардад. Инчунин, соли равон супоридани маблағ аз тарафи довталаб тариқи электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре ки аз Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон хабар доданд, соли ҷорӣ дар 34 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 40 нуқтаи бақайдгирии доимамалкунанда фаъолият хоҳад кард.
Инчунин, тибқи талаботи ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо дар 25 шаҳри дигар, яъне дар он минтақаҳое, ки нуқтаи доимамалкунандаи бақайдгирӣ мавҷуд нест, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр, ба мӯҳлати як ҳафта ду ҳафта таъсис дода мешавад, яъне соли 2021 дар 59 шаҳру ноҳия 65 маркази бақайдгирӣ таъсис дода мешавад.
Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, имсол як навгонии дигар ба низом дохил шудааст. Солҳои пеш довталабон расид (квитансия) аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» пешниҳод менамуданд. Аммо соли равон супоридани маблағ аз тарафи довталаб тариқи электронӣ ба роҳ монда мешавад ва довталаб пас аз супоридани маблағ дар дилхоҳ марказҳои хизматрасонии «Амонатбонк» рақами расид (на худи расид!)-ро пешниҳод мекунад, ки аз 8 рақам иборат аст.
“Довталабоне, ки соҳиби имтиёз ҳастанд, аз ҷумла ятимони кулл, бепарасторон, маъюбони гурӯҳои 1 ва 2, кӯдакони маъюб ва фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми хидмати ҳарбӣ вафот кардаанд, бояд ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намоянд.
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, онҳое, ки дар соҳаҳои варзиш ва санъат дастовардҳо онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол хидмат кардаанд, бояд ҳуҷатти хешро пешниҳод намоянд”,-гуфтанд аз Марказ.
Нафароне, ки бо медали тилло мактабро хатм мекунанд, бе имтиҳон тариқи суҳбат ба ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ