Раиси суд бо фармони генерал Раҳимзода соҳиби медал шуд

Мирзоисмон Гиёзода, раиси суди шаҳри Душанбе бо медали “Барои мусоидат” қадрдонӣ гардидааст.
Тибқи иттилои суди Душанбе, фармон дар бораи қадрдонии Гиёзодаро генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 20 феврали соли равон имзо кардааст.
Манбаъ афзуд, медалро муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат дар вазъияти тантанавӣ ба Гиёзода тақдим намуд. Раҳимзода қаблан низ бархе аз мақомдорони давлатиро бо медал “Барои мусоидат” қадрдонӣ карда буд.
Аз ҷумла ин медалро Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва муовини якумаш Маҳмадсаид Пирзода гирифта буданд.Ин медалро ба онҳое медиҳанд, ки бо ВКД ҳамкории зич мекунад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *