Дуздон се гови Восеъро бурданду…

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми феврали соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз дохили оғилхонааш 3-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 22, 21-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *