Довталаб! Ҳанӯз зиёда аз 16 000 ҷойи холӣ ҳаст
Мусоҳибаи тахассусии «Тоҷикистон» бо Хуршед Икромӣ, директори Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Муҳтарам Икромӣ, мегӯянд, ки супоридани имтиҳонҳо тавассути Маркази миллии тестӣ сол ба сол душвортар мешавад. Воқеият чист?
Таҳлили сатҳи дониши довталабон дар солҳои охир нишон дод, ки воқеан, дараҷаи фаҳмишу дониши онҳо нисбатан боло рафтааст. Мусоидат кардани низоми марказонидашудаи тестӣ баҳри баланд шудани сифати таҳсилотро дар макотиби миёна устодони муассисаҳои таълимӣ дар донишгоҳу коллеҷҳои кишвар ва ҳам дар зинаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ эътироф кардаанд. Ин, албатта, падида ва раванди табиист, зеро чун хонанда мебинад, ки донишҷӯ гаштан танҳо ба донишу фаҳмиш ва қобилияту маҳорати ӯ вобаста аст. Бинобар ин, ӯ барои дониши хуб гирифтану азхуд кардани барномаи таълимӣ саъй мекунад. Дар асоси натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сатҳи дониши довталабон аз фанҳои гуногун таҳлил карда мешавад. Умуман, мутахассисони Марказ ҳамасола пас аз анҷоми имтиҳонҳо сатҳи дониши довталабонро таҳлил мекунанд. Саволу масъалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, дар умум, содаю осонанд ва ягон саволу масъала берун аз барномаҳои таълимии мактабҳои миёна нест. Аммо, воқеан, барои беҳтар шудани дониши довталабон ва сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дараҷаи душворию мураккабии ин саволу масъалаҳо ҳамасола андаке боло бардошта мешавад. Дараҷаи душвории саволу масъалаҳо аз рӯи нишондоди оморӣ муайян мегардад. Яъне, вобаста ба он, ки чӣ миқдоре аз довталабон ба тестҳо посухи дуруст додаанд, таҳлили оморӣ карда мешавад, ки нишондоди он сатҳи душворию мураккабии саволу масъалаҳоро муайян месозад
-Мушоҳида мешавад, ки шумораи довталабоне, ки бинобар холҳои гузаришро аз фанҳои таълимии имтиҳонӣ – субтестҳо – соҳиб нашуданашон аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбӣ роҳ наёфтаанд, кам нестанд. Маркази миллии тестӣ оё барои ин гуна довталабон ягон имтиёзу сабукӣ медиҳад?
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи довталабон имконияту шароити якхела фароҳам овардааст. Ҳангоми бақайдгирӣ ҳар як довталаб ҳуқуқи интихоб намудани то 12 комбинатсия ихтисосро дорад. Дар интихоби ихтисос барои довталаб ягон маҳдудият нест. Тамоми ихтисоси муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ки ба низоми марказонидашуда дохиланд, ба панҷ гурӯҳ (кластер) тақсим карда шудаанд ва довталабон ихтисосҳоро тибқи завқу хоҳиш ва имконияту донишашон дар асоси тартиби муқарраршуда дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо бояд бо риояи бартарияшон ва дар мувофиқат ва бо маслиҳати падару модаронашон интихоб бикунанд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди тарғибу таблиғ ва иттилоърасонии зиёд ва пайвастаи кормандони Марказ қисме аз довталабон аз моҳияти касбу ихтисосҳои матлуб, бартарии интихоби онҳо, ба тавре ки бояд, огаҳ нестанд, ки ин, бешак, барои донишҷӯй гаштанашон ва ҳам барои зинаҳои дигари ҳаёташон асари нохуб хоҳад гузошт. Имтиёзҳо – балҳои иловагӣ танҳо ба гурӯҳи муайяни довталабон (ятимон, маъюбони гурӯҳи якуму дуюм, бепарасторон, ғолибони озмуну олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуривӣ ва ғайра) баъд аз соҳиб гаштанашон ба холҳои гузариш (холҳои ҳадди ақал аз субтестҳо, ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот онҳоро соҳиб гаштани довталаб ҳатмист) дода мешавад.
-Даври аввали озмуни тақсимоти довталабон – тақсимоти асосӣ – баргузор гашт ва аз натиҷаи он тавассути смс-паёмакҳо ба довталабон иттилоъ расид. Марказ боз даври дуюми озмуни тақсимот – тақсимоти такрории довталабонро эълон кардааст. Он кай баргузор мегарад ва киҳо ҳуқуқи дар он ширкат карданро доранд?
Дар озмуни тақсимоти такрорӣ, ки номнависӣ барои ширкат дар он аз 19 –ум то 22 –уми августи соли ҷорӣ баргузор мегардад, довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, бинобар кам будани балҳои соҳибгаштаашон аз балҳои гузариши ихтисосҳои интихобкардаашон ба номи донишҷӯӣ сазовор нагаштаанд, метавонанд иштирок кунанд. Довталаб бо шиноснома (ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият) ва варақаи бақайдгирияш ба нуқтаҳои бақайдгирӣ омада, дубора ихтисосҳоро дар доираи ҷойҳои холимонда интихоб менамояд. Довталаб дар интихоби муассисаи таълимӣ аз рӯйи намуд, шакл ва макони ҷойгиршавӣ ва забони таҳсил озод аст.
-Умуман, чӣ қадар довталабон дар соли 2017 барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳуҷҷат супориданд ва чӣ миқдоре аз онҳо комёб шуданд?
96541 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳуҷҷат супориданд. Аз ин шумора дар имтиҳонҳо 90829 нафар ширкат варзиданд. Бо гирифтани холҳои гузариш 48743 нафар номи донишҷӯро соҳиб гардиданд.
-Довталабоне, ки дубора ихтисос интихоб менамоянд, барои ин маблағи иловагӣ месупоранд? Онҳо ба кадом нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд муроҷиат кунанд?
Муассисаҳои таълимие, ки ҳамчун нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб шудаанд, муайян ва дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудаанд. Довталабон дар ҳамон нуқтаҳо ихтисосҳоро интихоб мекунанд. Онҳо метавонанд, ки ихтисосҳоро 1-2 рӯз қабл аз номнависӣ (17-18-уми август) аз сомонаи Марказ дастрас ва интихоб намоянд. Барои азнавбақайдгирӣ 20 сомонӣ муайян шудааст. Дар шаҳри Душанбе 5 муассисаи таълимӣ – мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 24, 25, 7071 ва 100, инчунин дар худи Маркази миллии тестӣ, дар шаҳри Хуҷанд гимназияи № 4 ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5, дар шаҳри Қӯрғонтеппа литсейи тамоюли технологии ба номи Н. Назирматов ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5 , дар шаҳри Истаравшан гимназияи №5, дар шаҳри Кӯлоб мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №53, дар ноҳияи Данғара литсеи тамоюли техникии ба номи Афлотун, дар вилояти Бадахшон Донишгоҳи давлатии Хоруғ нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ташкил гардидаанд. Дар интихоби нуқтаи бақайдгирӣ маҳдудияте нест. Довталабон ҳар нуқтаеро, ки барояшон осон, дастрас ва ба ҷойи зисташон наздик бошад, метавонанд интихоб бикунанд.
-Довталабонеро метавон вохӯрд, ки баъди гузаштан аз озмуни тақсимоти асосӣ ва донишҷӯй гардидан бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла мувофиқ набудани маблағи шартномаи таҳсил, ба муасисаи таълимии дохилгардидаашон ҳозир намешаванд, ки ин боиси ташвиши хотири раёсати ин муассисаҳои таълимӣ гаштааст. Онҳо мегӯянд, ин вазъ метавонад сабаби иҷро нагаштани нақшаи қабули донишҷӯён бишавад. Назари шумо дар ин маврид чист?
Марказ мунтазам ва такрор ба такрор ба довталабон ва падару модарони онҳо дар хусуси интихоби дурусти ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо назардошти таҷрибаи солҳои гузашта таъкидҳо карда, ҳамчунин ин масъаларо дар маводу матлабҳои иттилоотии худ баён месозад, ки агар довталаб аз ҷиҳати молиявӣ шароити таҳсили пулакӣ ё таҳсил дар муассисаи таълимии аз макони зисташ дурро надошта бошад, пас, беҳтар аст, ки ҳангоми интихоби ихтисосҳо ин намуди муассиса ва ихтисосҳоро интихоб накунад. Бояд қайд кард, макони ҷойгиршавии ҳар як муассисаи таълимӣ, инчунин маблағи шартномаи таҳсил дар варақаи бақайдгирии довталаб барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад. Агар шахсони донишҷӯйгашта ба муассисаҳои олии таълимии дахлдор то 15-уми август муроҷиат накарда, аз қайд нагузаранд, онҳо аз ин ҷойи худ маҳрум мегарданд ва ҷойи холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ эълон карда мешавад.
-Дар озмуни тақсимоти такрорӣ чӣ қадар довталабон ширкат мекунанд?
20366 нафар.
-Ҷойҳои холӣ-чӣ?
16410 ҷой. Вале ба ин рақамҳо боз шумораи ҷойҳое, ки аз ҳисоби довталабони ба муассисаҳо қабулшуда ва аз он дасткашида зам мегардад.
-Аз ин ҳисоб гурӯҳҳои буҷавӣ ҳам ҳаст?
Бале, аз он 3 813 ададро ҷойҳои буҷавӣ ташкил медиҳад.
-Метавонед гуфтан, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ кадом муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ нақшаи қабули донишҷӯёнро иҷро накардаанд?
Ба таври мисол, нақшаи қабули Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 100 % иҷро гардид. Ҳамин тариқ, нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 100, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода 100, як қатор коллеҷҳои тиббӣ, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд, 100, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров 99,46, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав 99,42, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 99,32, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 97,88 % ба иҷро расидааст.
Усмон Раҳимзода,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ