Деги оши узбекҳо ба китоби Гиннес ворид шуд (аксҳо)

Бино ба иттилои торнамои “Подробно.уз”, ин деги ош 8 сентябр дар доираи Ҷашнвораи миллии “Узбегим” гузошта мешавад ва қарор аст, он ба китоби Рекордҳои Гиннес шомил шавад: “Мубтакирон дар шаҳри Алмалики вилояти Тошканд барои ин чорабинӣ омодагӣ мегиранд ва аллакай як намуна аз ин ошро таҳия кардаанд”.

Ба иттилои манбаъ, ош дар деги диаметраш 4,2 метр ва ҳаҷмаш қариб 8000 литр, ки аз ҷониби Комбинати металургии Алмалик махсус барои ин чорабинӣ омода гаштааст, таҳия шудааст. Вазни умумии ин дег 7070 кило ва чуқуриаш 1 метр будааст. “Подробно.уз” навиштааст, барои омода кардани ғизо маҳсулот ба таври рекордӣ истифода шудаанд; гӯшти гов — 826 кило, гӯшти гӯсфанд — 825,5 кило, равғани гӯсфанд — 195 кило, биринҷ — 1650 кило, сабзӣ — 2,4 тон, пиёз — 185 кило, равғани растанӣ — 350 литр, намак — 480 кило, зира — 4,5 кило, зирк — 165 кило, нахуд — 90 кило ва мурч -3 кило.

Гуфта мешавад, барои омода кардани ош 50 ошпази номдор аз кулли Узбакистон гирд омада, таоми таҳия кардаашонро ба 22 ҳазор сокини Алмалик тақсим кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *