Дуои ошиқ кӯраш кард?

Дар давраи мактабхонӣ  бо ҷавоне, ки хеши наздики як ҳамсинфам буд, шинос шудам. Мо ҳамдигарро сахт дӯст медоштем ва ҳаётамонро бе якдигар тасаввур карда наметавонистем. Ҳама ба мо ҳасад мебурданд.

Вохӯриву мулоқотҳоямон ду сол давом кард. Волидонамон аз ишқу муҳаббати мо огоҳ буданд ва зиддият нишон намедоданд, аммо як рӯзи шум аз рӯйи рашк гапҳоямон гурехту қаҳрӣ шудем. Ҳамон бегоҳ модари ҷавони дӯстдоштаам ба ман телефон  карда, чунон гапҳои қабеҳ зад, ки ногуфтанӣ. Ба хотири муҳаббате, ки нисбати писараш доштам, дар ҷавоб чизе нагуфтам. Аз байн чанд лаҳза гузашту худаш занг зада, туҳмат кард, ки ту модари маро дашному ҳақорат додаӣ. Қасам хӯрдам, ки ин корро накардаам, аммо ба гапам бовар накард. Аламам омаду гуфтам: “Касе, ки бо туҳмат моро ҷудо кардан мехоҳад, илоҳо чашмаш кӯр шавад!”

Бо ҳамин дигар гап назадем. Баъд аз хатми мактаб бачаи ҳамсояамон ба ман хостгор фиристод. Барқасди ошиқи зудбоварам ба ҳамсоябача ба шавҳар баромадам. Шукри Худо, шавҳарам одами хуб аст, то имрӯз ягон бор маро таъна накардааст, ки дар вақташ бо фалонӣ гап мезадӣ. Мо соҳиби хонаю дари обод ва ду писари нозанин ҳастем. Зиндагиамон ширу қаймоқ барин ширин аст, вале як чиз маро руҳан азоб медиҳад. Модари ҷавони дӯстдоштаам баъди шавҳар кардани ман якбора кӯр шуд. Ман то ҳол дар нобино гаштани ин зан худамро гунаҳкор дониста, азоби руҳӣ мекашам, ки чаро дар вақташ чунин дуои бад кардам. Намедонам гуноҳамро дар назди ӯ чӣ гуна бишӯям. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Хонандаи  “Оила”.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *