Ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар як шабонарӯз
Дар як шабонарӯз ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар кишвар ба қайд гирифта шуд. Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда якеро наҷот доданд.
12-уми май ҷавони 22-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабабҳои номаълум дар оби рӯди Душанбе ғарқ шудааст.
Сокинони ҷасади ӯро дар мавзеи пули собиқ бозори Султони Кабир дида, ба КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Соати 16:24 дақиқа имдодгарон ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Аз руйи маълумоти пешакӣ ҷавон дар асл сокини ноҳияи Муъминобод буда, муваққатан дар пойтахт истиқомат доштааст.
Тафтишот оиди сабабҳои ғарқшавии марҳум аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Ҳамзамон, ба иттилои КҲФ 12-уми май дар вилояти Суғд соати 19:15 дақиқа духтари 18-сола, истқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар рӯди Сир ғарқ шудааст. Хушбахтона, имдодгарони КҲФ саривақт ба ҷойи ҳодиса расида, духтарро наҷот додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ