Қадрдонии ду корманди неругоҳ барои наҷоти кӯдак аз ғарқшавӣ дар Варзоб
Дар маҳаллаи Варзоб-ГЭС, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, кормандони нерӯгоҳи “Норак” Муқимҷон Маликов ва Назира Ализода кӯдаки панҷсоларо ҳангоми афтидан ба об фавран наҷот доданд.
Кӯдак пас аз наҷот ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол ёфтааст.
Ин кормандони неругоҳи “Норак” барои чунин ҷасораташон аз ҷониби генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қадр карда шуд.

Ифтихорнома ва туҳфаҳоро полковник Сулаймон Шамсиддинзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе ба Муқимҷон Маликов ва Назира Ализода супорид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ