ДМТ: Ду ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва 369 нафар дипломи сурх гирифтанд

28 июл дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими  супоридани дипломҳои аъло ба 371 нафар хатмкунандаи фаъолу донишманд баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ хатмкунандагонро ба анҷоми муваффақонаи таҳсил табрик гуфта, аз саҳми босамари донишгоҳ дар омода кардани мутахассисони варзида барои иқтисодиёти миллӣ ёдовар шуд.

Дар ин рӯз дипломҳои аъло ба онҳое супорида шуданд, ки зинаҳои таҳсилро бо баҳои аъло хатм кардааанд.

Дипломҳои сурхро шахсан ректори донишгоҳ ва роҳбарияти факултетҳо супориданд. Ҳамзамон, чанде аз хонандагони литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ  бо аттестатҳои аъло сарфароз гардонида шуданд.

Дар миёни гирандагони дипломи аъло, ду чеҳраи шинохтаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – Раъно Насриддинова ва Шукронаи Тоҳирӣ низ ҳастанд. Онҳо таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баҳои аъло ба анҷом расонида, намунаи ҷавонони босавод ва маърифатпарвар маҳсуб меёбанд. Раъно ва Шукрона бо иштироки фаъолона дар озмунҳои илмӣ-адабӣ, саҳми шоиста дар тарғиби фарҳанги китобдорӣ ва маърифат гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *