Душмании ҷияни сарвазир

Каратэ-до дар Тоҷикистон

Варзиши каратэ, ки ихтирои  ҷопонҳост,  маънои «дасти холӣ» ва каратэ-до «роҳи дасти холӣ»-ро дошта, санъати муҳорибавӣ маҳсуб меёбад ва барои муҳофизат ва ҳуҷум бидуни силоҳ истифода мегардад. Дар каратэ-до дараҷаи расиши (контакти) бевосита миёни иштирокчиён камтар буда, барои шикасти рақиб зарбаҳои сахти пойҳою дастҳо ба нуқтаҳои ҳаётан муҳими бадан зада мешавад.

Мусобиқаҳои варзиши каратэ аз рӯйи барномаҳои дзию-кумитэ (спарринги ( муҳорибаи таълимии) озод) ва ката баргузор карда мешаванд.

Ин намуди каратэ дар Тоҷикистон аз соли 1992 мавриди таваҷҷуҳи пайравону ҷонибдоронаш гардидааст. Онҳо мусобиқаҳои худро тибқи нақшаҳои Федератсияи ҷумҳуриявии каратэ-до баргузор менамоянд ва беҳтаринҳояшон кишварамонро дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо каратэ-до то кунун ба намудҳои олимпии варзиш пазируфта нашудааст.

Бинобар иттилои президент Федератсияи миллии каратэ-дои ҶТ Исмоил Исроилов  аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии каратэ-до (WKF) ва Федератсияи каратэ-дои Осиё (AKF) расман шинохта шудааст. Федератсияи миллии каратэ-дои ҶТ фаъолияташро аз рӯйи 4 самти каратэ — шотокан, сито-рю, годзю-рю ва вадо-рю пеш  бурда, имидҷи варзишии худ ва мавқеашро дар рейтинги ҷаҳонӣ пайдо намудааст. То Соли нави 2016 федератсия 19 чемпиони ҷаҳон, 4 ҷоизадори чемпионати Осиё, 1 чемпиони Универсиада, 1  ҷоизадори Бозиҳои Осиё, 35 чемпиони Осиёи Марказӣ ва беш аз 100 ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалиро барои  варзиши тоҷик додааст. Июни соли 2015 якумин бор дар шаҳри Турсунзода чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба катаи даставӣ байни 200 каратэчиро баргузор карда, аз ҳисоби ғолибон дастаи мунтахаби Тоҷикистонро мураттаб сохтааст. Имрӯзҳо дастаи мунтахаби каратэ-до барои ширкати фаълона ба чемпионати Осиёи Марказӣ (дар Тошканди Ӯзбекистон), мусобиқаҳои байналмилалии Осиё (шаҳри Токиои Ҷопон) ва ҷахонии Ҷакарта (Индонезия) омодагӣ мебинад.

Дар 6-солагӣ чемпион

Каратэ-до, тавре мушоҳида мешавад, барои ҳамаи синну сол варзиши дастрас будааст. Комёбиҳои каратэ-дочиёни тоҷик, ки дар ҳамаи категориҳои вазнӣ беҳтаринҳоро ба воя расондааст, далели боэътимод аст.

Яке аз онҳо Дилшод Шарифов аз 6-солагӣ ба омӯзиши  каратэ-до шуруъ намудааст. Дилшод мегӯяд, ки ҳамсояашон Сафархолов Баҳром, ки ба каратэ-до шуғл дошт, ӯро ба толори варзиш бурда,  машқҳои аввалини каратэ-доро омӯзондааст, мураббии аввалинаш ба шумор меравад. Аз мусобиқаи байналмилалии Осиё, ки соли 2000 дар Турсунзода бо иштироки шаш давлат доир шуд, Дилшоди 6-сола миёни наврасон дар вазни 25 кг  ғолиб омада, унвони чемпиони ҷумҳуриро соҳиб шуд. Даҳсола буд, ки дар вазни 35 кг соли 2004 ғолиби мусобиқаи  байналхалқии Осиё, ки дар он варзишгарони ҳафт давлат ширкат доштанд, гардид. Сипас,  таҳти тамринҳои мураббиён Раҷабов Мансур ва Раҷабов Нусрат дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби медалҳои ифтихорӣ гардид. Он солҳо дар толори варзишии каратэ-дои мактаби рақами 45-и ноҳияи Ёвон тамрин мекард. Ба машқу тамринҳо нигоҳ накарда, ба вазифаи асосиаш таълим дар мактаб софдилона муносибат мекард ва бо баҳои хубу аъло мехонд.

Хонандаи 14 медалдор

-Дар замони мактабхонӣ дар 8 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, 14 медалу диплом ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шудаам, аммо аз ҳамсабақон қафо намемондам, — мегӯяд Дилшод Шарифов – Падарам, ки сахтгир буд,  хуб мехондам. Аз волидонам хеле сипосгузорам. Аз ин рӯ, ҳар як пирӯзиамро ба онҳо мебахшам.

— Ба дурустии шиори маъмули «Варзиш гарави саломатист» боварӣ дорад?» — мепурсам аз Дилшод.

— Тарбияи ҷисмонӣ, ки шуғли оммавист, воқеан гарави саломатӣ мебошад. Вале ба варзиш беҳтаринҳо камар баста, бонангу номус ба майдон мебароянд ва гоҳе мешавад, ки варзишгар аз ғиромбозиию бадқасдкории рақиб лат мехӯрад, маъюб  мешавад. Лат бисёр хӯрдаам, аммо тоқат мекунам. Варзишгари касбӣ дар майдон фикри тарс намекунад. Соли 2014 дар мусобиқаи байналмилалии клуби варзишии «Лочин»-_и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, зимни муҳорибаи финалӣ бо варзишгари  ӯзбек нарангушти дастам  баромад. Вале ба дард тоқат карда, қувваозмоиро идома додам ва ҷойи якумро ишғол намудам.

-Боре ман каратэист гуфта дар кӯча ҷанг кардаӣ?

— Не, мураббиҳо ва волидонам мудом таъкид мекунанд, ки ҳушёр бошаму занозанӣ накунам.

-Ягон кас ба сарат зӯрӣ кардааст ё аз барои духтар сина сипар намудаӣ?

-То ҳол бо ман чунин ҳолат рух надодааст. Вале ҳимоя карда метавонам.

Ба ягон намуди дигари варзиш шуғл дорӣ?

— Не, танҳо ба каратэ-до.

— Аз допинг истифода бурдаӣ?

-Не.

Каратэчии баркамол                 

Дилшод Шарифов 5-6 соли охир машқу тамринҳояшро таҳти роҳнамоии Муҳаммад Бодаков ва мураббӣ Бадриддин Умаров давом  медиҳад. Соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до байни ҷавонон дар  иштирок намуда, дар вазни 61 кг чемпион шуд. Имрӯзҳо  дар толори варзишии «Тоҷикгаз» машқу тамринашро дар паҳлӯи чемпионҳои ҷаҳон Муҳаммад Бодаков, Мансур Раҷабов, Нусрат Раҷабов, Диловар Шарифов, Баҳром Сафархолов ва Муҳсин Назуров давом медиҳад.  Барои ширкат ба  чемпионати  ҷаҳонии каратэ-до, ки моҳи ноябри соли равон дар Австралия баргузор мешавад, таҳти тамринҳои Бадриддин Умедов тайёрии ҷиддӣ мебинад. Аммо қабл аз ин бояд моҳи май дар чемпионати ҷумҳуриявӣ шарафи варзишии худро ҳифз намуда, соҳиби роҳхат ба Австралия гардад.

-Бо Бадриддин аз бачагӣ ошно ҳастем, — шӯхӣ ба шӯхӣ қувва меомуздем, вале хеҷ гумон намекардам, ки рӯзе бароям мураббӣ мешавад, — мегӯяд Дилшод. – Хеле сахтгир аст…

Дар бораи ноҳаққиҳои доварон

-Ноҳаққиҳои доварони мусобиқаҳо бештар дар Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии қитъавӣ борҳо мушоҳида кардаам, — иброз намуд Дилшод. – Масалан, нисбат ба Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин-2008, ки бо тарафгирии доварон медали нуқра насиби ҷудочии Чин шуд. Ё нисбат ба муштзан Ҷаҳонгир Қурбонов, ки барои роҳхат ба марҳилаи чорякниҳои олимпӣ доварон  раво диданд. Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012, ки ноҳақ огоҳӣ гирифт, то ба марҳилаи нимфиналӣ набарояд. Нисбат ба худам низ ноҳаққии доварон хис кардам. Дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Маскав бар ҳарифам бо ҳисоби 2:0 бартарӣ доштам. Аммо доварон бо баҳонаи гӯё пассив мусобиқа карданам, ғолибиятро бар ҳарифи рус мансуб донистанд. Дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Тошканд бар ҳарифам бартарӣ доштам, аммо доварон бо ҳар баҳона маро мағлуб кунонданд. Баъд маълум шуд, ки ҳарифам ҷияни муовини  сарвазири Ӯзбекистон будааст.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Маълумотномаи «Тоҷикистон»

Дилшод Шарифов соли 1996 тавлид шуда, мактаби миёнаро дар ноҳияи Ёвон бомуваффақият хатм кардааст. Ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дараҷаи дани 1 ва миёнбанди сиёҳи  каратэ-до арҷгузорӣ шудааст. Федератсияи миллии каратэ-дои ҶТ  ин варзишгари ҷавонро ба  мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ҳамаҷониба омода карда, аз ӯ пирӯзиҳои нав ба навро интизор аст.

Муваффақу шуҳратафзун бош, Дилшод!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *