Ховалинг — боздид аз оромгоҳи Хоҷа Аюби Ансорӣ, Восеъ, хона-музейи Ҳабибулло Файзулло…

Ховалинг  яке аз ноҳияҳои хушобуҳаво мебошад. Воқеан, табиати аҷиби Ховалинг дилангез аст. Сари ҳар қадам оби равони мусаффо ба чашм ва  хониши булбулон ба гӯш мерасад. Шукӯҳи Чилчанору чашмасарон, оромгоҳи бузургворон- Ҳазрати Султон Увайси Қарайнӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, мавзее, ки қаҳрамони халқи тоҷик-Восеъ гулхан афрӯхта, мардумро бар муқобили манғитиён даъват кардааст, хона-музейи  шоир Ҳабибулло Файзулло ба ҳар як бинанда таассуроти фаромӯшношуданӣ ато мекунад. Роҳи эҷодии суханварони боистеъдоду шинохтаи тоҷик Ғаффор Мирзо, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳабибуллло Файзулло, Абдулҳамид Самад, Ҳадиса Қурбонова, Раҳмон Сафар, Карим Давлат ва дигарон маҳз аз ҳамин диёр оғоз ёфтааст.

Дар асрҳои гузашта аз рӯйи таҳқиқоти олимони бостоншинос Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳанги Бухорои Шарқӣ буда, Шоҳроҳи абрешим аз он мегузаштааст. Ин гӯшаи диёри тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳоро дар худ маҳфуз медорад. Забоншиносу муаррихон вожаи Ховалингро «Хварамунка» — мулки офтобӣ, хушманзар, чашмасор, макони гиёҳҳои шифобахш маънидод кардаанд.  Аз баландиҳои Ховалинг дарёчаҳои Оби Мазор, Оби Тира ва Яхсу сарчашма гирифта, ба самти водии Кӯлоб ҷорӣ мешаванд.

-Ҳоло дар талу теппаҳо ва кӯҳсори ноҳия оҳу, бузи кӯҳӣ, гӯсфанди кӯҳӣ, гург, рӯбоҳ, шағол, суғур, хук хирс, санҷоб, паланг, гурбаи ваҳшӣ, ва дигар ҳайвонот  ба сар мебаранд, — нақл мекунад таърихшинос Амир Сайиди Мункӣ.

Дараи Мухтор, зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ мебошад. Он дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷонбахт дар масофаи 5 км дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Дар зодгоҳи қаҳрамон ҳоло боғ ва осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ, меҳмонхона сохта ба истифода дода шудааст.  Дар осорхона ҷувозхона, бозёфтҳо ва асбобу анҷоме, ки Восеъ дар рӯзгори хеш истифода мебурд, гирд оварда шуда, нигоҳдорӣ мешавад. Ҳоло осорхонаро абераи Восеъ — Раҷабалӣ Камолов ва писараш Зиёвиддин Раҷабализода роҳбарӣ ва сайёҳонро роҳбаладӣ мекунанд.  Аз рӯйи нақли Раҷабалӣ аз Восеъ чор фарзанд — Гулизор, Ҳасан, Давлат, Ромиш  боқӣ мондаанд, ки ҳоло ҳудуди 100- хешу табарашон дар деҳоти Ховалинг ва атрофи он зиндагӣ доранд.

Сарзамини Ховалинг муқаддасоти зиёде дорад. Мардум мазори Ҳазрати Султон Увайси Қарайнӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолакро муқаддас мешуморанд. Оромгоҳи Султон Увайси Қарайнӣ маъвои охирати яке аз ҳамзамонони содиқ ва дӯсти ғоиби Ҳазрати Муҳаммад (с) дар деҳаи Мазори Султон аст. Мазори Ҳазрат ҷойи сарсабз, ободу зебост.

Маълумотнома

Ноҳияи Ховалинг дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷойгир аст. Он аз маркази  пойтахт 283 км, шаҳри Қӯрғонтеппа 265 км, Кӯлоб 70 км  масофа дорад. Масоҳати умумии ноҳия  178, 8 ҳазор га мебошад ва наздики 55 ҳазор аҳолиро дорост. Ховалинг ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Муъминобод ва Тавилдара ҳамсарҳад аст.  Ховалинг иқлими субтропикӣ дошта, ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон аз 30 то 35 дараҷа гарм ва зимистон то 15-16 дараҷа хунук мешавад.

Усмон Раҳимзода,

Дидор Саъдуллоев (суратгир)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *