Дӯстӣ: Ифтитоҳи 4 корхонаи саноатӣ дар як сол
Соли 2025 дар ноҳияи Дӯстӣ 4 корхонаи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, беш аз 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар ноҳия дар маҷмӯъ 31 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта 10 корхона ғайрифаъол буданд.
Раиси ноҳия гуфт, корхонаҳое, ки фаъолият накардаанд, асосан коргоҳҳои хурди пахтатозакунӣ, маъруф ба “тинтинак”, будаанд.
«Манъи фаъолияти чунин коргоҳҳо ба беҳтар шудани кори корхонаҳои калони пахтатозакунӣ мусоидат кард ва дар коркарди босифати пахта нақши муҳим гузошт», – таъкид намуд ӯ.
Ба иттилои Даврон Нишонзода, дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба наздики 340 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2024-ум 71 миллиону 400 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ