Эҳёи роҳҳои ҳавоӣ ба кӯҳистон. Ё чаро афсонаро ба ҳақиқат табдил намедиҳем?

Ба таваҷҷуҳи вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим

Боре ба фарзандону набераҳо гуфтам, ки соли 1964 барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ дар як соат аз Кӯлоб ба Душанбе рафта, ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супорида омадам, вале боварам накарданд ва гуфтанд, ки ин афсона аст, ҳеҷ имкон надорад. Лекин ин на афсона, балки ҳақиқати ҳол буд.

Пагоҳии барвақт ба Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб рафта, чипта харидаму ба тайёраи хурди сеҷояи чехӣ савор шуда, ҳамроҳи як ҷавоне, ки ӯ ҳам нияти маро доштааст, дар муддати 10 дақиқа ба Душанбе расидем ва ба комиссияи қабули донишгоҳ омада, ҳуҷҷат супоридему бозпас ба фурудгоҳ омадем. Ҳамон тайёрае, ки моро оварда буд, ба парвоз омода меистодааст ва чипта харида, боз бо ҳамон ба шаҳри Кӯлоб баргаштем.

Солҳои 60-уму 70-ум дар Тоҷикистон, дар мамлакате, ки 93 фоизашро кӯҳҳо ташкил медиҳад, мардум бо тайёраҳо ба сафар баромада, ҷонашон роҳат мекард.

Ана бо ҳамин андеша чанде қабл ва аниқтараш аввалҳои моҳи декабри соли 2023 ҷиҳати фаҳмидани назарҳои мардум бобати аз нав эҳё кардани фурудгоҳҳо ва парвози тайёраҳои хурд ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва махсусан мавзеъҳои кӯҳистон, мисли Сарихосору Даштиҷум, Сағирдашту Ёл, Рӯшону Ишкошиму Мурғоб, Ванҷу Дарвоз, Рашту Тоҷикободу Лахш, Айнию Панҷакент, Панҷу Ҷайҳуну Шаҳритус, Ховалингу Муъминобод ва ғайраҳо ба унвонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи «Як пешниҳод» дар гурӯҳи фейсбукии «Ахбор барои афкор» манзури истифодабарандагони интернет гардонида будам. Ин пешниҳод ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд ва тайи 200 нафар назарҳои худро навиштанду маслиҳатҳои хубе ҳам доданд. Ба ҳамаи онҳо барои дастгириашон миннатдорӣ изҳор менамоям. Аз ин назарҳо маълум шуд, ки эҳёи фурудгоҳҳо ва парвози тайёраҳои хурдро ба ноҳияҳои дурдаст ва махсусан мазеъҳои кӯҳистон ҳама мехостаанд. Аммо миёни баёни назарҳо боз назарҳое низ буданд, ки эҳёи ин кори шоистаро «Орзуи ширин», «Айни замон даркору вале номумкин», «Барои харидани тайёраҳо ва сӯзишворӣ маблағи калон лозим», «Фурудгоҳҳоро фурӯхтанд, барои фурудгоҳ сохтан замини холӣ нест» ва ғайраҳо арзёбӣ кардаанд.

Бале ҳамаи ин гуфтаҳо комилан дурустанд ва аз таҷрибаи ҳаётӣ ягон коре нест, ки бе мушкилот иҷро шавад. Лекин дар урфият мегӯянд:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Акнун пеши назар биёред, ки ин қадар корҳои созандагию ободкорие, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ иҷро шуданду кишварамон ба таври шинохтанашаванда симояшро дигар намуд, мушкилоте надошт? Ин қадар соҳибкорони бо нангу номус ва ватандӯст, ки диёрашонро бо тамоми ҳастӣ ободу зебо гардонида истодаанду барои зиндагии шоистаи мардум саҳм мегузоранд, корҳояшонро бе мушкилот пеш мебаранд?

Ҳама корҳо роҳҳои ҳалли худро доранд, фақат хоҳиш доштан лозим. Агар хоҳиш бошад, имконият ҳам пайдо мешавад.  

Солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ қадар нақбҳо сохтем, кӯпруку роҳҳои вайронаро азнавсозӣ кардем, роҳҳои оҳан бунёд намудем, чаро роҳҳои ҳавоии қаблан доштаамонро, ки бо мурури замон аз фаъолият бозмондаанд, аз нав эҳё карда натавонем? Роҳҳои нақлиёти ҳавоӣ имрӯз барои кишварамон чун обу ҳаво лозим аст, махсусан дар мавридҳое, ки роҳҳо дар фасли зимистон аз таъсири барфу боронҳо баста мешаванд. Ҳамзамон он дар мамлакат асоси рушди сайёҳӣ хоҳад шуд ва баъдан он чунон манфиат хоҳад овард, ки дигар аз боби зарари он ҳарфе нахоҳем гуфт. Ин сарфаи вақт, кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард, харҷи ками маводи сӯхт ва маблағи роҳкиро, кумак ба кисаи мардум хоҳад шуд.  

Шералӣ ЯҲЁЕВ,

собиқадори матбуот

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *