Эҳтиёт: Баланд омин накунед,ки ҷарима месупоред

Додгоҳи маъмурии шаҳри Урали Қазоқистон сокини чиҳилсолаи маҳаллӣ Мурод Муханбетовро барои он ки моҳи декабри соли гузашта дар масҷиди марказӣ ҳангоми адои намоз «омин»-ро бо садои баланд гуфтааст, ҷарима баст. «Муханбетов тартиботи диниро вайрон карда, бо ин амалаш монеи иҷрои талаботи шариат шуда, беэҳтиромӣ зоҳир намудааст», — омадааст дар қарори додгоҳ. Додгоҳ ин мардро каме бештар аз 250 доллари ИМА ҷарима баст.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳ хабар медиҳад, ки Муханбетов «пайрави ҷараёни харобкори мазҳабӣ», — яъне салафия аст. Аммо Муханбетов ин айбро рад мекунад. Вай мегӯяд, омодааст, ки ҷаримаро пардозад, вале айни ҳол имкони молӣ надорад. Дар масҷидҳои Қазоқистон тарзи «омингӯӣ»-и намозгузоронро назорат мекунанд. Маъмулан пайравони ҷараёни салафия «омин»-ро бо садои баланд адо менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *