Табиб бояд табиб бошад, на таблиғгари дору

Вазорати тандурусти  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба табибон дастур додааст, ки ҳамкорӣ бо ширкатҳои доруфурӯширо қатъ кунанд.

Табибони тоҷик гуфтанд, ки тибқи дастур сар аз моҳи июн, минбаъд онҳо ҳаққи бастани қарордоди инфиродӣ бо ширкатҳои доруфӯрӯширо надоранд ва набояд маҳсулоти ширкати хосеро ба беморон таблиғ кунанд.Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин далел, ки духтур ба ташвиқи доруи як ширкати хориҷӣ манфиатдор мешавад, ба фоидаи бемор нест, зеро табиб барои дарёфти маблағ манфиати худро болотар аз фоидаи бемор мегузорад.Ширкатҳои хориҷӣ, ки иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро доранд, дар баробари ниҳодҳои расмӣ, ҳамчунин бо табибон шартномаҳои инфиродӣ мебанданд ва онҳоро фурӯшанда ва таблиғгари маҳсулоти худ мекунанд. Пизишкон ду нусха дорухат навишта, якеро ба бемор ва дигареро ҳамчун санади собиткунандаи фурӯши маҳсулот ба ширкат пешниҳод мекунанд.Содиркунандагони аслии доруворӣ ба Тоҷикистон Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Покистон ва Чин аст. Тоҷикистон ширкатҳои бузурги истеҳсоли доруворӣ надорад. Танҳо 27 ширкати хурд ба тавлиди чанд доруи сода, мисли глюкоза, метрогил ва витаминҳои гуногун қодиранд, ки дар бозори дохилӣ масраф мешавад.Салим Абдулазизов, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорати тандурустӣ дар шарҳи дастури нав гуфт, ки пас аз қувваи қонунӣ гирифтани Кодекси тандурустӣ, тамоми ҳамкориҳои табибон бо ширкатҳои фармасевтӣ, таблиғи маҳсулоти дорувории онҳо манъ аст.»Мақсади мо ин буд, ки ҳамкории инҳо барҳам хӯрад, чун он ба манфиати бемор нест. На танҳо табибон, балки, дар сурати ошкор шудани таблиғи маҳсулоти доруворӣ ширкатҳое, ки ин корро мекунанд, ҷавобгар мешаванд» — гуфтааст Салим Абдулазизов.Кодекси тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 3 июни соли равон дар нашрияи “Ҷумҳурият” нашр шуд ва қувваи қонунӣ гирифт.Бар асоси Кодекси нав, табибон ва ширкатҳо барои чунин ҳамкорӣ то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Дар сурати зиён дидани муштарӣ аз доруи таблиғшуда аз 2 то се 5 сол зиндон низ пешбинӣ шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *