Эҳтиёт: Баланд омин накунед,ки ҷарима месупоред
Додгоҳи маъмурии шаҳри Урали Қазоқистон сокини чиҳилсолаи маҳаллӣ Мурод Муханбетовро барои он ки моҳи декабри соли гузашта дар масҷиди марказӣ ҳангоми адои намоз “омин”-ро бо садои баланд гуфтааст, ҷарима баст. “Муханбетов тартиботи диниро вайрон карда, бо ин амалаш монеи иҷрои талаботи шариат шуда, беэҳтиромӣ зоҳир намудааст”, – омадааст дар қарори додгоҳ. Додгоҳ ин мардро каме бештар аз 250 доллари ИМА ҷарима баст.
Дар ҳамин ҳол, додгоҳ хабар медиҳад, ки Муханбетов “пайрави ҷараёни харобкори мазҳабӣ”, – яъне салафия аст. Аммо Муханбетов ин айбро рад мекунад. Вай мегӯяд, омодааст, ки ҷаримаро пардозад, вале айни ҳол имкони молӣ надорад. Дар масҷидҳои Қазоқистон тарзи “омингӯӣ”-и намозгузоронро назорат мекунанд. Маъмулан пайравони ҷараёни салафия “омин”-ро бо садои баланд адо менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ