Имтиёзҳои Маркази тестӣ барои сарбозон

Маркази миллии тестӣ ба сарбозоне, ки соли равон хизмати ҳарбиро ба анҷом расондаанд имкон медиҳад, ки шонси худро барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвар бисанҷанд. Ба қавли масъулини Маркази милли тестӣ, ҷавононе, ки мӯҳлати хизмат дар артишро хатм ваё дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доштанд, дар фурсати аз 12 то 30 июн метавонанд аз қайди маркази тестӣ гузаранд. Чуноне Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази милли тестӣгуфтааст, чунин қоида танҳо дар шаҳри Душанбе амал мекунад. Дар саросари ҷумҳурӣ давраи асосии бақайдгирии довталабони таҳсил дар мактаби олӣ аз 1 март то 30 апрел анҷом шуд.

Собиқ сарбозон бар иловаи балли ба дастовардаашон боз соҳиби 75 холи иловагӣ мешаванд. Ин тасмим соли гузашта бо пешниҳоди Сарраёсати неруҳои марзбонӣ амалӣ шуд ва ҳадафаш ба гуфтаи масъулин, “ҷалби бештари ҷавонон ба хидмат ва ҳамин таври ҷалби онҳо ба таҳсил дар донишгоҳҳо” мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *