Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Инсоффурӯшон. Умеди шаҳрдор аз раисони бозорҳои Душанбе чунин буд?

Ахиран, болоравии нархи маҳсулот дар арафаи Иди саиди Фитр дар пойтахт нишон дод, ки вазифаи раисони бозорҳои шаҳри Душанбе на фаровонии маҳсулот ва танзиму назорати нарх, балки танҳо чекчинӣ будаасту халос.

Тасаввур нокарданист, ки наход дар бозорҳои “Саховат”, “Деҳқон” 1 кг  себ дар арафаи  Иди Рамазон аз 10-15 ба 30-40 сомонӣ, 1 дона тухм аз 1 ба 1,5 сомонӣ,  1 кг қулфинай аз 10-15 ба 25-30 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёзу сабзӣ ба осмон расад?  Ин ҳама  истеҳсоли худамон аст,  на воридот аз берун! 

Бозори “Деҳқон”-и  бедеҳқон…

Мутаассифона, дар мо анъана шудааст, ки дар ҳар иду ҷашнҳо фурӯшандаҳо нархи маҳсулотро ба хотири фоидаи бештар ва муфт боло мебаранд. Барояшон муҳим  “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” аст ва савдои 2-3 моҳаашонро дар як рӯз анҷом медиҳанд. Вале дар ин росто, масъулини бозорҳои мо  чӣ кор мекунанд? Гӯё  ба даҳон об гирифтаанд, ки пишаки савдогаронро “пишт” намегӯянд. Магар дар назди онҳо муттаҳам ҳастанд? Дар даромадгоҳи бозори “Деҳқон” солҳои зиёд аст, ки гӯшаи деҳқон мавҷуд аст. Кас гумон мекунад, ки ин ҷо фақат деҳқон маҳсулоташро ба фурӯш мондааст. Вақте ки дар таблоҳо нархи маҳсулоти кишоварзӣ  дар муқоиса ба дохили бозор камтар нишон дода шудааст, ҳама талош мекунанд, ки аз ин ҷо харид кунанд. Аммо фурӯшандаҳо маҳсулотро мувофиқ ба  нархи дар таблобуда, намефурӯшанд. “Мо худамон аз яклухтфурӯшон қимат гирифтем. Ҳамагӣ то 1 сомонӣ ба болои маҳсулот мемонем… ”,-иддао мекунанд фурӯшандагон.

-Магар шумо деҳқон нестед?,- бо тааҷҷуб мепурсанд харидорон.

-Деҳқон дар сари заминаш аст. Ин ҷо мо ҳаққи иҷора месупорем,-бо нигаронӣ мегӯяд  яке аз фурӯшандаҳо дар бозори “Деҳқон”.

Беназоратӣ то кай?

-“Дар моҳи шарифи Рамазон фурӯшандаҳо инсофро ҳам фурӯхтаанд. Аммо магар роҳбарони бозор ҳам инсоффурӯш шудаанд? Бозорҳои пойтахт гӯё беназорат мондаанд. Ҳар кас ба таври худ маҳсулотро мефурӯшад. Дар як ҷо панҷ хел нарх. Раҳгум мезанед, ки кадом маҳсулот арзонтар бошад. Пештар ин тавр набуд, бозор  назорату ҷавобгарӣ дошт”,-гуфт дар суҳбат Муҳаммадулло, сокини шаҳри  Душанбе.

Воқеан, агар дар хотир дошта бошед,  замоне собиқ раиси шаҳри Душанбе барои беасос боло бурдани нархи сабзӣ  дар бозори “Саховат” аз раис то муовинонашро  аз вазифа барканор карда буд. Он замон роҳбарони дигар бозорҳо бошанд, огоҳии қатъӣ гирифта буданд.  Пеш аз ин барканорӣ нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз гарон шудани  арзиши сабзӣ дар Душанбе изҳори нигаронӣ карда буд. Баъдан, дар фурсати кӯтоҳтарин масъулин бозорро  фаровону нархро ба танзим дароварданд. 

 Ҳушдори Президент

Ба андешаи  Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон,  як сабаби асосии мунтазам баландшавии нархҳо дар бозорҳои Душанбе назорати сусти директорони бозорҳои пойтахт мебошад.

– Зиёда аз нисфи маҳсулоти кишварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли кишвари худамон аст, аммо нархашон хеле баланд. Ин боиси нигаронӣ ва ташвишу изтироб буда,  айби худи директорони бозорҳо мебошад. Масалан, аз ноҳияи Ҷайҳун як килограмм сабзиро 40 дирамӣ харида, оварда дар бозор то 2,5 сомонӣ ба савдо мезананд.Чунин нархгузорӣ аз куҷост? Ин бесарусомониро кӣ бояд назорат барад? Ман алҳол дар бобати болобардории «анъанавии» нархҳои бозорҳо дар арафаи идҳо чизе намегӯям, – бо норозигӣ изҳор карда буд  Сарвари давлат ва афзуд:

– Мушкилот дар худи директорони бозорҳост. Шумо фақат ҷамъкунии пули иҷора ва чекро барои кисаҳои худатон медонед. Чӣ ба шумо халал мерасонад, ки худатон ба сари замин рафта, аз деҳқон бихаред ва ба бозор маҳсулоти тару тоза ва арзони кишоварзӣ биёред? Магар ин кор мушкил  аст?

Президент  ҳамеша  «Тоҷикматлубот», роҳбарони бозорҳо ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза ва беасос баландбардории нархҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

Вале як муддат роҳбарон ба ҷунбиш медароянду боз бепарвоӣ зоҳир мекунанд.  Оё чанд соли охир дар пайи болоравии нархи  маҳсулот дар бозорҳои пойтахт танбеҳ гирифтани раисони бозорро шунидаед? Не! Онҳо мутаассифона, умеди шаҳрдорро бароварда натавонистанд. Ҳоло дар куҷо дидед, ки раисони бозорҳои мо дасту остин бар зада, барои танзиму назорати нарх талош кунанд? Воқеан,  рӯз ба рӯз сафи ҳаннотон дар бозорҳои мо бештар шуда истодаанд. Пеши роҳи ин бесарусомониро танҳо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифта метавонанд. Вагарна,  бесоҳибӣ дар бозорҳо идома меёбаду ҷайби  мардум тиҳитар мегардад ва бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт,ки дар арафи Иди Қурбон инсоффурӯши дар бозорҳо ба авҷи аълояш мерасаду эътимод нисбат ба мақомот коҳиш меёбад. 

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.