Раиси Панҷакент: Дари ман 24 соат боз аст

Дар толори ҳукумати шаҳри Панҷакент бо иштироки рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр  Абдухолиқ Холиқзода, муовинони раис, раиси дастгоҳ ва роҳбарони корхонаҳо ва мудирони шуъбаҳо ширкат варзиданд.

Дар нишасти матбуотӣ саволҳо оиди таълиму тарбия дар мактабҳо, ҷойҳои кории нав, обрасонӣ ба аҳолӣ, тайёрӣ ба 30—солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, канали Халифа Ҳасан ва ғайраҳо пешниҳод гардиданд.

Бори аввал мушоҳида намудем, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ хеле босаброна ва хоксорона моро гӯш кард ва бо саволҳои мо босаводона ва бо тамкину хулосабарориҳои ҷолиб ҷавоб гуфт.

Маълум шуд, ки аллакай дар муддати кӯтоҳ Холиқзода Абдухолиқ Санавбар корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Ӯ бо мутахассисон аз ду канали асосии шаҳр: Канали Халифа Ҳасан ва Марғедар боздид ба амал овардааст ва мавзеъҳое, ки то имрӯз ин каналҳо, ки аз соли 2004 тоза карда нашуда буданд, пурра тоз карда шуданд.

Дар ин муддат ӯ ба 13 нафар маълул аробачаи маъюбӣ расондааст ва кулли зиёда аз 50 нафар ятимони кулро аз наздик боздид намуда ба онҳо ёрии моддӣ расондааст.

Дар нишасти матбуотӣ оиди муҷассамаи китоб дар маркази шаҳр, нақшаи генералии шаҳр, роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент, корхонаи саноатии Рукнобод, овардани хати гази табиӣ аз Ҷартеппаи Ӯзбекистон, боғу гулгаштҳо сухан рафт, ки ба ин саволҳо низ ҷавобҳои ҷолиб дода шуд.

Дар ҳақиқат, мо ҳис намудем, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар раиси мардумист ва мақсади ӯ хизмати халқ асту бас.

Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *