Emistahsilot.tj-қадами ҷиддӣ ба сӯи рақамикунонии таҳсилоти касбӣ

 Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати  Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ системаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ-Emistahsilot.tj-ро ҳамчун қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳа арзёбӣ кард.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ҷорӣ намудани ин низом автоматикунонии равандҳои идоракунӣ, тақвияти назорат ва таъмини шаффофият дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад. Система имкон медиҳад, ки маълумоти марбут ба соҳа дар як платформаи ягона ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлил карда шавад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки тавассути пойгоҳи Emistahsilot.tj барои донишҷӯён, омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳо дастрасии мутамарказ ба маълумоти боэътимод фароҳам меояд. Дар низом маълумоти вобаста ба ҷараёни таҳсил, захираҳои кадрӣ, фаъолияти таълимӣ ва нишондиҳандаҳои асосии муассисаҳо дар шакли электронӣ инъикос мегардад.

Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, ҷорӣ гардидани система омилҳои инсонӣ дар коргузорӣ ва баҳисобгириро коҳиш дода, барои қабули қарорҳои асоснок дар сатҳи идоракунии соҳа заминаи мусоид фароҳам месозад

Дар нишаст ҳамчунин таъкид шуд, ки дар марҳилаҳои минбаъда такмили техникии система, густариши имкониятҳои он, инчунин пайваст намудани ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба платформаи Emistahsilot.tj ва интернети бесим ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *