Эмомалӣ Раҳмон: Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ва миллат мебошанд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ генералҳо, афсарон, сержантҳо, сарбозони шуҷои Ватан ва собиқадоронро табрик кард.

Ӯ гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад.

“Бо сарфарозиву қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҳамчун сипари боэътимод хизмат карда истодаанд”,-омадааст дар паёми шодбошӣ.

Гуфта мешавад, ки ҷашни ҳомиёни Ватан, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, таҷассумгари эътимоду эҳтироми баланди мардуми Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро ҳамчун рисолати муқаддас ва масъулияти пурифтихор иҷро менамоянд, ба ҳисоб меравад.

“Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба хубӣ дарк мекард, ки таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бе доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ва хизматчиёни ҳарбии далеру ҷасур ва содиқ ба Ватан ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ мо Артиши миллиро таъсис додем ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гардид. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд”,-таъкид дошт Президенти кишвар.

Дар паёми шодбошӣ омадааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз имтиҳони садоқат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, амнияти давлат ва бехатарии мардуми Тоҷикистонро ҷавонмардона таъмин карданд.

Президенти кишвар ҳамчунин, хотирнишон намуд, ки дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо танҳо кадрҳое метавонанд амнияту давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд.

“Дар ин раванд, мунтазам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ вазифаи ҳаррӯзаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ – аз ҳайати фармондеҳӣ то сарбози қаторӣ мебошад”,-таъкид дошт Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *