Эмомалӣ Раҳмон: Ҳикмати рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест…

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуд, ки ҳикмати рӯза танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва анҷоми ибодат маҳдуд намешавад.

Сарвари давлат иброз дошт, ки моҳи мубораки Рамазон замони поксозии ботину зоҳир, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва таҳкими ахлоқи ҳамида мебошад. Ба гуфтаи Пешвои миллат, дар ин моҳи шариф бештар анҷом додани амалҳои шоиста ва саҳм гузоштан дар ободии ҷомеа аҳамияти вижа дорад.

Президенти кишвар таъкид кардааст, ки парҳезгорӣ, саховатмандӣ, дасти ниёзмандонро гирифтан, кумак ба наздикону атрофиён ва анҷом додани корҳои хайру савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд.

«Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст»,- зикр намудааст Сарвари давлат.

Ҳамчунин, таъкид гардидааст, ки садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробон ва камбизоатон аз ҷумлаи амалҳои хайре мебошад, ки савоби анҷом додани он дар моҳи Рамазон бештар аст. Тибқи таълимоти дини мубини ислом, фитри рӯза пеш аз ҳама ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд дода мешавад.

Дар фарҷом, Президенти кишвар мардумро ба таҳкими рӯҳияи инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон даъват намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *