Эрон омода аст ҳамлаҳоро қатъ кунад, агар Исроил низ ин корро кунад
Эрон изҳор намудааст, ки омода аст ҳамлаҳои худро қатъ кунад, агар Исроил низ аз амалиётҳои низомӣ алайҳи ин кишвар худдорӣ намояд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 15 июн дар як нишаст бо иштироки намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон гуфт, кишвараш дар пайи тавсеаи низоъ нест ва танҳо аз худ дифоъ мекунад.
Ба гуфтаи Ароқчӣ, ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон, ки субҳи 13 июн сурат гирифт, боиси қатъ шудани музокироти ҳастаии байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида гардид. Ин музокирот қарор буд дар ҳамон рӯз дар Уммон баргузор шавад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин ИМА-ро ба пуштибонӣ аз ҳамлаҳои Исроил муттаҳам кард.
Ароқчӣ таъкид кард, ки Эрон омода аст дар бораи насохтани силоҳи ҳастаӣ ба созиш расад, вале ин тавофуқ набояд ҳуқуқи Теҳронро барои доштани барномаи ҳастаии сулҳомез маҳдуд кунад.
.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ