Эрон: Теъдоди қурбониёни ҳамлаи Исроил ба 935 нафар расид

 Мақомоти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроилро, ки дар ҷараёни даргирии 12-рӯза миёни ду кишвар рух доданд, 935 нафар эълон карданд. Ба гуфтаи Асғар Ҷаҳонгир, сухангӯи Додгоҳи олӣ (Қувваи қазояи) Эрон, 38 нафар аз кушташудаҳо кӯдакон ва 102 нафар занон будаанд, ки бархеи онҳо ҳомила будаанд.

Дар асоси иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 4746 нафар низ ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, Исроил низ талафоти ҷангро эълон кард. Ба навиштаи нашрияи The Times of Israel, ки ба маълумоти Артиш ва Вазорати тандурустии кишвар такя мекунад, 28 шаҳрванди Исроил кушта ва 3238 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Даргирии мусаллаҳона байни Эрон ва Исроил 13-уми июн оғоз ёфта, 24-уми июн бо эълони оташбас ба поён расид.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳамлаҳо ба хоки онҳо беасос ва муғоир бо қонунҳои байналмилалӣ сурат гирифтанд. Дар навбати худ Исроил иддао дорад, ки ба таҳдидҳои мустақим посух додааст.

Мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ даъват доранд, ки ҳарду ҷониб аз такрори муноқиша худдорӣ варзида, ба сӯи ҳалли дипломатии мушкилот қадам гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *