Эътирози прокурорӣ ба 619 қарори раисони ноҳияҳо дар Хатлон
Соли 2025 ба 619 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози прокурорӣ оварда шудааст. Ин нисбат ба соли 2024-ум 117 эътироз зиёд мебошад.
Ин нукта имрӯз, 29 январ дар нишасти мутбуотии Прокуратураи вилояти Хатлон зикр карда шуд.
Икром Зоирзода, прокурори вилояти Хатлон афзуд, ки соли гузашта ба 619 қарор эътироз оварда шуд, ки 473 эътироз ё 76 дарсади он вобаста ба замин мебошад.
Абдуфаттоҳ Азимзода,сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон гуфт, ки ҳолати қабули қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо мунтазам таҳти назорати прокурорӣ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, эътироз дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 117 ҳолат зиёд мебошад. Ба таъкиди вай,эътироз бештар ба қарорҳои раисони ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Дӯстӣ ва Шаҳритус оварда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ