Фаъолият ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДЗТ чӣ гуна аст?

Жило Гулназарзода — ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки «ҳоло 5 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва волонтёрӣ машғул ва 648 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд».

Гуфта шуд, ки хориҷиён бештар аз ҷумҳуриҳои Русия, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ба донишкада таваҷҷуҳ доранд.

Гулназарзода ҳамзамон хабар дод, ки донишкада аз норасоии донишҷӯён танқисӣ намекашад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз норасоии донишҷӯ ва ҷойҳои холӣ хабар доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *