Фарҳанг пуле миёни Душанбе ва Давҳа
9-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Давҳа мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардид.
Мулоқоти ҷонибҳо дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи фарҳанг ва санъат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ, инчунин мубодилаи таҷриба иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои фарҳангӣ метавонад ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар мусоидат намояд.
Дар ин бора ба Pressa.tj аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ