ФАВРӢ! Ҷониби Қирғизистон боз шартҳоро вайрон ва тир кушодааст

Соати 07:30-и 17 сентябри соли 2022 вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Бино ба иттилои  маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аммо новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани  дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.

Гуфта мешавад, ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.

Илова бар ин, соати 11:50-и ҳамин рӯз Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.