Фирӯза Нуруллозода: Вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр муътадил аст
Дар шаҳри Бӯстон вазъи эпидемиологӣ муътадил аст.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти ӯ, имрӯзҳо танҳо хуруҷи бемориҳои мавсимӣ ба монанди зуком ба мушоҳида мерасад. Таъкид гардид, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Ҳамчунин, иттилоъ шуд, ки дар соҳаи тандурустии шаҳр норасогии кадр ба назар мерасад. Хусусан беморхонаву марказҳои саломатӣ ба духтурони оилавӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ 17 ҳолати фавти кӯдак ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 13 ҳолат то 1-сола ва 3 нафар то 5 -сола мебошанд.
Дар соли 2024-ум ягон ҳолати фавти модар ҳангоми таваллуд ё баъд аз таваллуд ба қайд гирифта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ