Эркин Раҳматуллозода

Фиристода бояд доно бувад…

Зери ҳамин унвон китобе ба нашр расидааст, ки хотироти дӯстон, ҳамкорон, сиёсатмадорон, олимонро дар бораи дипломат, олим, сиёсатмадор Эркин Раҳматуллозода ҷамъ овардааст. Мутолиаи он ба хонанда имкон медиҳад, ки чеҳраи мавсуфро, ки дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ, дар танӯри тафсони муборизаҳо дар роҳи истиқлолият сӯхтаю пухтааст, аз забони шахсиятҳои шинохта дарёбад.

Талбак НАЗАРОВ,

Министр иностранных дел Республики Таджикистан (1994-2006), Академик Национальной академии наук Таджикистана, Доктор экономических наук, профессор:

Министр иностранных дел Республики Таджикистан (1994-2006), Академик Национальной академии наук Таджикистана, Доктор экономических наук, профессор:

Эркина Рахматуллаева в 2001г. Президент страны Эмомали Рахмон назначил своим Государственным советником по внешней политике. Работая на этой ответственной должности Эркин Рахматуллаев вел тесную и слаженную работу с министерством иностранных дел. Благодаря такой политике удалось синхронизировать работу при подготовке соответствующих материалов, в которых отражались те или иные аспекты внешней политики страны. Хочу особо подчеркнуть, что Рахматуллаеву Э.Р. человеку безусловно способному, целеустремленному под силу решение сложных поставленных задач.

Солҳои 90-ум Э. Раҳматуллоев бо А. Масъуд ва генерал С.Зуҳуров

Сегодня одной из таких важнейших задач, стоящих перед страной, является всемерное укрепление таджикской государственности, обеспечение устойчивости мира, стабильности, национального единства, которые предопределяют пути дальнейшего преобразования Таджикистана в сфере экономики и политики безопасности. В этом видится повышение новой роли таджикской дипломатии. В настоящее время Эркин Рахматуллаев является Чрезвычайным и Полномочным Послом и Постоянным Представителем Таджикистана при Европейском Союзе и НАТО, а также в Бельгии, Нидерландах и Люксембурге. На этих должностях он уделяет большое внимание укреплению таджикско-европейского сотрудничества, а также принимает меры к расширению разнообразных отношений с международными структурами в Европе. Хочу также подчеркнуть, что многолетний опыт дипломатической работы Эркина Рахматуллаева ныне очень востребован, он нужен для нового поколения дипломатов. У Эркина Рахматуллаева есть возможности и устремления, позволяющие ему и дальше держать руку на пульсе современных европейских событий, активно защищать интересы Таджикистана. Я не могу не остановиться еще на одном аспекте деятельности Эркина Рахматуллаева. Несмотря на большую занятость в дипломатической работе, он сумел сочетать последнюю с проведением научных исследований. Подготовил и успешно защитил диссертацию на соискание ученой степени сначала кандидата, а затем через лет десять и доктора политических наук. Его научные работы посвящены весьма актуальной проблеме – превентивной дипломатии. Опубликованные им работы по этой тематике получили высокую оценку специалистов и научных работников.

Эркин Рахматуллаев, являясь успешным послом, активно проводит работу среди европейских коллег по укреплению двусторонних и многосторонних отношений их стран с Таджикистаном.

Акбари ТУРСОН,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, профессор:

— Як рукни таваҷҷуҳангези хулқи фардию иҷтимоии Эркин Раҳматуллозода хоксорӣ бувад, ки барои тоҷикон як навъ суннат шудаст. Ба ин маънӣ, ба мушоҳидаи ман, хоксории Эркинхон рӯякӣ нест, самимист! Вақте ки аз ин пеш дар Академияи миллии илмҳо интихоботи навро эълон намуданд, баъзе кормандони давлатии унвони илмӣ доштагӣ ҳам хостанд, ки дар конкурс иштирок кунанд. Аммо дар ҷумҳурияти мо ва баъзе ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ барои чунин иқдом ягон монеаи расмӣ, академӣ ё ҳатто ахлоқӣ нест. Фақат дар Русия, вақте ки дар байни ходимони давлатӣ иддаои китобнависию олимигарӣ тавъам ба коррупсия қариб буд ба воситаи шуҳратҷӯйӣ ва даромади иловагӣ табдил ёбад, ғайримустақим, вале расман аз боло ишора карданд, ки агар тӯраҳои навбаромад аз кори давлатӣ дида дар бахши илму фан қобилияти бештар дошта бошанд, бигузор ба муассасаҳои академӣ ва мактабҳои олӣ рафта кор кунанд!

Э. Раҳматуллоев дар ҳалқаи дипломатҳо

Вақте ки ман барои ба ҳайати Фарҳангистон пайвастан шонси воқеӣ доштани Эркинхонро қайд карда, чаро ҳуҷҷат насупоридани эшонро пурсидам, он кас гуфтанд: дар эссеи културологие, ки шумо дар бораи кирдору пиндори Аҳмади Дониш ва замони ӯ навишта буданд, як андешаи ҷолиб ҳаст. “Бузургтарин каллаи Бухорои асри нуздаҳум” одати ба вазифа таъйинкунию мансабгириҳоро дар Аморати Бухоро танқид карда зимнан ба як хусусияти психологияи калоншавандагони онвақта эътибор додааст. Касе аз мансабу мартабаи пешниҳодшуда даст намекашид; ба масал ҳеҷ кас намегуфт, ки вай ба ин мансаб лоиқ нест ва ё аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаи масъул баромада наметавонад…

Баъди мутолиа карда баромадани мақола – дар идомаи нақли мушоҳидаҳояшон гуфтанд Эркинхон, – ман “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Донишро бори дигар варақ зада баромадам. Дар ҳошияаш чашмам ба васиятномаи эшон ба фарзандонашон афтод. Аз ҷумлаи фармудаҳояшон махсусан яктояш бароям ҷолиб буд. Он ҷо омада: “Чун Шуморо барои таъмири дунё овардаанд, бар фавр шуморо пеши худ наталабанд, то фавоиде, ки аз шумо манзур доранд, истифода накунанд”. Вақте ки банда ба бемории дил гирифтор шудам, ҳамин гуфтаи Аҳмади Дониш маро дилбардорӣ менамуд…

Низомиддин ЗОҲИДӢ,

муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019), Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор:

Устод Эркин Ращматуллозода аз дипломатҳои ангуштшумори ҳирфаии тоҷик ҳастанд, ки фаъолиятҳои дипломатиро ҳанӯз дар замони шӯравӣ оғоз карда ва бад-ин маънӣ шахсияти эшон идомагари ойин ва суннатҳои беҳтарини дипломатияи шӯравӣ дар замони истиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Эркинхон Раҳматуллозода ҳанӯз дар давраи оғозини фаъолияти меҳнатии худ (солҳои 1977 – 1980) дар Сафорати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба ҳайси тарҷумон ва референт кор карда ва нозукиҳои кори дипломатиро дар сафорат, ки кӯраи дипломатияи амалӣ маҳсуб мешавад, омӯхта буданд. Ин ҷо лозим ба таъкид аст, ки дар тӯли тахминан сӣ соли охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мактаби қавии арабшиносии амалӣ ташаккул ёфт, ки ба шарофати он дастпарварони зиёди  ин мактаб ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ ба намояндагиҳои дипломатии ИҶШС дар хориҷа ба кори тарҷумонӣ эъзом мешуданд. Аз миёни ин тарҷумонҳо теъдоди маъдуде бо талошу ҳушмандӣ дар омӯзиши асосҳои дипломатия ва таҳсил дар Академияи дипломатии ИҶШС ба зинаҳои фаъолияти дипломатӣ расиданд ва ба унвони нахустин дипломатҳои ҳирфаии тоҷик шинохта шуданд. Эркинхон Раҳматуллозода аз зумраи ҳамин дипломатҳои пешгоми тоҷик буданд, ки ҳам давраи дипломатияи амалиро дар сафорат паси сар карда буданд, ҳам асосҳои дипломатияи назариро дар  Академияи дипломатии шӯравӣ аз бар намудаанд.

НАУМКИН В. В.,

НАУМКИН В. В.,

Директор Института востоковедения РАН, академик Российской Академии наук, доктор исторических наук, профессор,

ЗВЯГЕЛЬСКАЯ И. Д.,

член-корреспондент Российской Академии наук, доктор исторических наук, профессор МГИМО (У):

Эркин Рахматуллаевич, который был сначала первым заместителем министра иностранных дел, потом Государственным советником президента по внешней политике, был одним из главных движущих сил по продвижению межтаджикского диалога. С его помощью нам удалось собрать представителей конфликтующих сторон, несмотря на продолжающееся кровопролитие, и провести на территории России первые раунды переговоров. 

ЗВЯГЕЛЬСКАЯ И. Д.,

Роль Эркина Рахматуллаевича трудно переоценить.  Во-первых, он был не просто партнером или дипломатом, который оказывал нам содействие. Он был человеком, который, как мы почувствовали и убедились, пользовался большим уважением среди различных слоев таджикского общества, среди различных групп таджикской политической элиты.  Во-вторых, он имел большой опыт работы в советском министерстве иностранных дел, был дипломатом советской школы, усвоившим ее лучшие традиции, демонстрируя высочайший профессионализм. Он блестяще владел арабским и английским языками, глубоко знал регион Ближнего Востока, которым тогда занимался, и прежде всего, местную культуру, традиции, специфику международных отношений, природу и динамику многочисленных конфликтов. Самое главное, аналитический склад ума позволил Эркину Рахматуллаевичу адаптировать и приложить имевшиеся знания к новой реальности, к реальности постсоветских конфликтов, включая конфликт в его родном Таджикистане.

Он оказался не только блестящим практиком, но и стал крупным исследователем в сфере превентивной дипломатии. Об этом говорят опубликованные им статьи, работы и монографии.

АЛИМОВ Р. К.,

Министр иностранных дел Республики Таджикистан (1992-1994), Генеральный секретарь ШОС (2016-2018), доктор политических наук, профессор:

К числу тех, кто «родился в смокинге», безусловно, относится Эркинхон Рахматуллозода, — видный таджикский дипломат, почти полвека своей жизни посвятивший продвижению и защите интересов Республики Таджикистан на международной арене. Ключ его успеха – в знании людей, умении общаться с представителями разных цивилизаций и создавать вокруг себя «малые и большие кольца дружбы», начиная от родных и близких в Исфаре до большинства стран, входящих в ООН. Блестяще владея почти полдесятком языков народов мира, Эркинхон всегда находит единственно правильный, самый короткий путь «к умам и сердцам» партнеров. Они, как правило, отвечают ему взаимностью. К примеру, Лю Гучан, известный китайский дипломат, при каждой встрече с таджикскими дипломатами в Пекине интересуется успехами «Рах-Ма-Тул-Ла-Е-Ва», с которым он несколько лет вплотную занимался оставшимися от истории пограничными вопросами… И таких партнеров, проникшихся исключительным доверием и уважением к Эркинхону, в мире сотни.

Одно из замечательных качеств Эркинхон Рахматуллозода — прекрасное владение искусством «слушать и слышать»; понимание нюансов «языка Эзопа» и умение «без помощи увеличительных стёкол» разгадывать заложенный меж строк смысл официальных речей и заявлений, равно как и публикаций одиозных авторов. Некоторые из них его откровенно раздражают. Но он умеет управлять своими эмоциями и избегать «эмоциональных взрывов».

ОЛИМОВ К. О.,

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004), Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2007), Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Доктори илмҳои фалсафа, профессор:

Эркинҷон шахсе ҳастанд ба тамоми маънӣ инсони шариф ва ватанпарасти асил, соҳиби заковат ва дурандешию назокати муошират. Донишманде, ки дар сиёсат ва адаб дар мақоми баланд. Чунин шахс, дар воқеъ ифтихори миллат мебошад. Бинобар ин ман бо чунин фарзанди соҳибмаърифати миллат ва дўсти соҳибфазилат ифтихор дорам.

Эркин Раҳматуллозода аз замоне, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистони шўравӣ ба кор оғоз карда буданд, дар он вақт ҷонишини сарвазири ҷумҳурӣ вазири корқои хориҷӣ ҳисоб мешуд, вале марҳум Нуъмонов М. ҳамчун шахси дуюм, ки масъули ҳамаи корҳо буданд, ифои вазифа мекарданд. Эркинхон дар Шўрои Вазирон ҳамзамон ба умури хориҷа вобаста буданд. Муомилаи гарм бо одамон, хирадмандию шеърдонию суҳбатороӣ, маслиҳатҳои дилсўзона ба муроҷиин ин тоҷики некўсириштро соҳиби эътибору обрў гардондааст.

Э. Раҳматуллоев — муаррифгари Тоҷикистон

Сафари хориҷа дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба ҳайси тарҷумон ва референти сафорат шахсияти Эркинхонро зоҳир намуд ва вақте аз он ҷо баргаштанд, ба сиёсати хориҷӣ ҷалб шуданд ва дере нагузашта муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистони замони шўравӣ таъин гардида, ҳамчун дипломати касбӣ камол ёфтанд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон, дар замоне, ки вазъи дохилии кишвар басо мураккаб буд ва барои муаррифии сиёсати сулҳҷўёнаи давлат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Эркин Раҳматуллозода хидмати арзанда карданд. Ҳамин аст, ки аз соли 1992 то соли 2001, яъне қариб даҳ сол ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамроҳии яке аз сиёсатмадорон ва олимони варзидаи Тоҷикистон академик Талбак Назаров муваффақона ифои вазифа намуданд. Баъд аз он, аз соли 2002 ба вазифаи боз ҳам пурмасъулият-Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷиро дар уҳда доштанд ва дар пешрафти сиёсати хориҷии давлат, амалӣ намудани сиёсати Президенти Тоҷикистон хастагинопазирона кўшиш ба харҷ доданд.

Абдулатипов Рамазон ГАДЖИМУРАДОВИЧ,

Вице-премьер Правительства России (1997-1998), Президент Республики Дагестан (2013-2017), Посол РФ в Таджикистане (2005-2009), Постоянный представитель РФ при Организации Исламского Сотрудничества, доктор философских наук, профессор:

В реализации многих международных и межрегиональных проектов особую роль играл Государственный советник Президента Таджикистана Эркин Рахматуллаевич Рахматуллаев – один из грамотных дипломатов Таджикистана, который под руководством Э. Рахмона и вместе с Министром иностранных дел Т.Н. Назаровым фактически выстроил фундамент дипломатии современного Таджикистан. Когда я начал работать мне сказали, видимо не очень информированные источники, что советник Президента Эркин Рахматуллаев — проамериканский и вдобавок еще проарабский человек.

Потом в ходе работы я убедился, что это прежде всего был протаджикский дипломат, исключительно грамотный и порядочный, преданный Президенту и народу своей страны человек. Эркин Рахматуллаев попадал в американо-арабские подозрения, как я убедился исходя из того, что он прекрасно владел английским и арабским языками. Эркин Рахматуллаев – государственный деятель, человек очень глубокий, философ и интеллектуал, образец настоящего дипломата, осторожного, грамотного, мудрого и взвешенного. Его докторская диссертационная работа отличалась новизной и практической ценностью, к которой обратили внимание даже сотрудники ООН. Мне удалось участвовать на защите диссертации в Дипломатической академии МИД России. И это была прекрасная защита, в которой диссертант демонстрировал в Москве высокой уровень науки и культуры дипломатии и не выглядел провинциально, как некоторые думали вначале защиты.

Доктор Рангин Додфари СПАНТО,

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (с. 2006-2010), Профессори Донишгоҳи Аахен (Олмон):

Чанд ҳафта пеш рафтам ба дидори устод Эркин ба Бруксел. Дар иқоматгоҳаш аз ман пазироӣ кард. Монанди ҳамеша аз авзои сангин ва ғамбори Афғонистон ва фазои тираи ҷанг дар Урупо, ки дар натиҷаи ҷанг дар Украина муставлӣ шуда буд, суҳбат кардем. Барои ман афзун бар дидор бо ин дӯсти деринаам мояи дилхушии музоаф ин буд, ки аз ӯ дар бораи пружаи китоби ояндааш шунидам. Устод мехоҳад китобе дар бораи қавоид ва роҳу расми диплумосӣ ва ё бо сухани қадимиён русуми ташрифотӣ дар таърихи муштараки сарзаминҳои мо бинависад. Ин кор мояи умедворист. То ҷое, ки ман медонам, дар қаламрави форсизабонон ҷои чунин коре холист. Аммо, мо ҳама медонем, ки дар боргоҳи подшоҳон ва салотини ин минтақа ҳамеша қавоиде будааст, ки элчиҳои шоҳон ва ҳукмронони бурунӣ мулзам ба риояти он мешудаанд. Дониши мо дар бораи таърихи қавоиду русуми ташрифотии диплумотик бо андух, ки маҳдуд мондааст, ба таҷрибаҳо ва донишҳои урупоӣ. Намудорсозии таҷрибаҳои худамон дар ин бора кори азимест, ки ба яқин устод Эркин аз нодир касон дар ҳавзаи тамаддунии мо ва қаламрави забони форсии дарист, ки метавонад ба хубӣ аз уҳдаи он барояд.

Устод Эркин имсол по ба ҳафтодсолагӣ мегузорад. Умре пурбор, ки дар хидмат ба Ватанаш, талоши фаровон барои тақвияту густариши дӯстӣ миёни мардумони ҷаҳон ва бахусус миёни ворисони тамаддуни бузурги ҳавзаи мо гузаштааст.

Милоди фархундаат муборак рафиқ! Бо орзуи солҳои бисёр ва пурборе, ки омаданианд, умрат тӯлонӣ ва сарат сабз бод, ки ҷавонмарде фозил ва рафиқе устувор астӣ!

Гулафзо САВРИДДИНОВА,

Раиси шаҳри Исфара (1988-1996), Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996-2005):

— Рӯйдоди хотирмоне ҳаргиз аз ёдам намеравад. Соли 1999 ба шарафи фарорасии сулҳу ваҳдат ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ (27.06.1997) Пешвои миллат гурӯҳеро ба вилояти Хатлон ба сафари корӣ ҳидоят карданд. Ҳангоми фориғ аз боздиди фаъолияти кишоварзону саноатчиёну фарҳангиён лаҳзаи истироҳат фаро расид ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклиф карданд, ки ҳар касе аз аъзои гурӯҳ бояд ҳунарашро нишон диҳад. Аввалин шуда, барои ҳунарнамоӣ мизбон – раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев баромаданд. Сухан гуфтанд ва шеър хонданд. Сипас Раиси Маҷлиси Олӣ Сафаралӣ Раҷабов ҳунарнамоӣ карданд ва баъд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳрубонӣ ва шӯхии ба худашон хос Эркинхон Раҳматуллозодаро ба ҳунарнамоӣ даъват карданд. Додари иззатманди мо бо рубоб оҳанги “Танавор”-ро чунон навохтанд, ки ҳама гӯё дар ҳайрат мондем ва чандин нафар ба рақс даромаданд. Ҳамин тавр паси ҳам дигар аъзои гурӯҳ баромада, ҳунарнамоӣ карданд.

Тери ҲАКАЛА,

Дипломати финлондӣ, Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ:

Равобити ба дастовардҳои пешин асосёфтаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳангоми дар ИА Сафир будани Раҳматуллозода сатҳи нави ҳамкориро касб карданд. Ман итминон дорам, ки аз онҳо мо бояд аз мулоқоти ахири Сарварони кишварҳо бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии Президентҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел дар октябри соли 2022 ёдовар шавем. Тасдиқи ваколат барои оғози музокироти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикиву ҳамкорӣ, ворид шудан ба низоми генералии афзалиятҳои тиҷоратии GSP+, мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ИА-Осиёи Марказӣ дар Душанбе соли 2021 шояд чун баршуморие дар жаргони дипломатӣ садо диҳанд, аммо дар ҳақиқати ҳол шохисҳои муҳими равобит ва заҳматҳои сангини мо буда, ҳарчанд гоҳе дар нигоҳи ом манзур нестанд, вале гувоҳи беҳтарини татбиқи манофеи миллӣ ва хидмат ба кишвар аст.

СУЛТАНОВ Ш. М.,

Руководитель Исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан (2001-2003), Посол Республики Таджикистан в Турецкой Республике (2003-2010), Посол Республики Таджикистан в Украине (2010-2015), доктор политических наук, профессор:

Можно много говорить о замечательных качествах Эркина Рахматуллаевича, но я бы особо выделил такие, как скромность, отзывчивость, чуткое и внимательное отношение к людям, высокая порядочность.

Не секрет, что у нас, как и на всем Востоке достаточно развито чинопочитание, в зависимости от должности у некоторых изменяются тональность и уважительность в обращении, крепость рукопожатия. В отличие от них, Рахматуллаев Э.Р., работая на высоких должностях, находясь многие годы рядом с главой государства, — никак не менялся, всегда оставался скромным, доступным и отзывчивым.

Я многократно убеждался в этом и на собственном примере. Если при работе в Аппарате Президента наши отношения в немалой степени определялись некой субординацией, то с моим переходом в Посольство, (разумеется, подчиненным Госсоветнику Президента) ничего не изменилось. Наоборот, я чувствовал со стороны, теперь уже начальства, большое внимание и уважительное отношение, помощь и поддержку.

Когда в 2006 году был визит Президента Таджикистана в Турцию, предстояло посещение Мавзолея Джалолиддина Руми в Конье. Среди множества вопросов подготовки программы мы упустили, что при этом необходимо было предусмотреть приглашение духовного лица для чтения Корана у святыни. И в создавшейся ситуации мне ничего не оставалось, кроме как обратиться за помощью к Эркину Рахматуллаевичу, который без всяких комплексов, согласился и прекрасно прочитал суру Корана, что, кстати, отметил и наш Президент.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *