Фоҷеа дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

Дар як садамаи рӯзи 26-уми май дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ҳудуди ноҳияи Варзоб ду нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронандаи сабукрави  “Mercedes-Benz”, сокини деҳаи Рохути ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат аз ин ноҳия ба самти шаҳри Душанбе бо чор мусофираш ба ҷарии тақрибан 400-500 метр сарозер шудааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардоштанд, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Яке аз фавтидагон сокини 61-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ва дуюм сокини 29-солаи Мастчоҳи Кӯҳӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *