Фоҷеа дар сохтмони метрои Тошканд

Рӯзи 18 декабр дар сохтмони метрои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон лағзиши замин рух дод.

Манобеи сомонаи Gazeta.uz ба шарти ифшо нашудани номашон хабар доданд, ки дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади чаҳор одам пайдо шудааст.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, корҳои бартарафсозии оқибати лағзиши замин идома дорад. Ҳаҷми хисорот ва сабабҳои рух додани ҳодиса низ муайян мешавад.

Шаҳрванди Б.М. соли таваллудаш 1975 шоҳиди ҳодиса буд ва аз дидани манзараи лағзиши замин зарбаи руҳӣ дидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.