Футболбози тоҷикро Эрон харид 

Нимҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе расман бозингари дастаи “Зоб Оҳан”-и Эрон шуд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Эҳсони Панҷшанбе аз дастаи “Навбаҳор”-и Намангон (Ӯзбекистон) ба ин тим гузашт, ки аз соли 2020 дар ин ҷо бозӣ мекард.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими гузаштаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Эрон “Зоб Оҳан” зинаи 8-умро ишғол намуд.

Бино ба маълумоти дастаи футболи “Навбаҳор”, нимҳимоятгар аз Тоҷикистон дар 43 вохӯрии ин даста (723 дақиқа) дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ карда, 2 тӯб вориди дарвоза намуда ва 2 тӯбро дар ҳамлаи муваффақона ба ҳамдастааш партофтааст. Дар мавсими нав Эҳсон дар 7 вохӯрӣ 75 дақиқа бозӣ кардааст.

Маблағи созишномаи молиявӣ байни “Навбаҳор” ва “Зоб Оҳан” дар мавриди гузаштани футболбоз ифшо намешавад. Қаблан чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки Эҳсони Панҷшанбе ба маблағи 500-700 ҳазор евро фурӯхта шудааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *