Генерал Шикорчӣ: Исроил ва ИМА торсакӣ хоҳанд хӯрд
Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, Исроил амалиёти низомиро алайҳи Эрон оғоз кардааст. Телевизиони давлатии Эрон аз таркишҳо дар шаҳри Теҳрон пойтахти кишвар хабар медиҳад.
Маълумоти муҳим то ҳамин лаҳза:
🔺 Артиши Исроил вазъи изтирориро эълон кардааст. Мактабҳо баста шудаанд, корхонаҳо фаъолият намекунанд ва ҷамъомадҳои оммавӣ манъ шудаанд.
🔺 Ҳарими ҳавоии кишвар пурра баста шудааст.
🔺 Вазири дифои Исроил Исраэл Катс дар саросари кишвар ҳолати фавқулода эълон намуд.
🔺 Мақомот мегӯянд, ҳадафи ҳамлаҳо нобуд кардани таҳдиди ядроии Эрон аст. Амалиёт чанд рӯз идома хоҳад ёфт.
🔹Манбаъҳо аз эҳтимоли кушта шудани фармондеҳи Горди Инқилоби Исломӣ Ҳусейн Саломӣ ва бархе аз олимони ҳастаӣ доктор Теҳрончӣ ва раиси пешини Оҷонсии ҳастаии Эрон Фаридун Аббосӣ хабар медиҳанд.
🔹Вазорати дифои Эрон эълон кард, ки дар ҷавоб ба ҳамлаҳои Исроил ба зудӣ зарбаҳои ҷавобӣ мезанад.
🔹Генерал Шикорчӣ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфтааст:
«Исроил ва ИМА барои ин ҳамлаҳо торсакӣ хоҳанд хӯрд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ