Гитлер норасид буд.
17 ноябрро дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии кудакони норасид (World Prematurity Day) қайд мекунанд. Ин рӯзро соли 2009 дастандаркорони фонди Аврупоии нигоҳдорандагони кӯдакони норасид, ба рӯзҳои байналмилалӣ ворид намудаанд. Ҳамасола дар дунё наздик ба 15 миллион кӯдаки норасид ба дунё меоянд. Яъне ҳар даҳум кудаки таввалуд шуда, нимбуд мебошад. Зиёда аз як миллиони ин кудакон мефавтанд, ва қисми зиёди онҳо аз бемориҳои гуногуни физикиву психологӣ азият мекашанд. Мувофиқи маълумотҳо, қариб нисфи кудакони навтаваллудшуда аз ҳисоби пеш аз вақт таваллуд шуданшаон, мефавтанд. Чихеле маълум аст кудакони навзод хеле нозуканд ва таваллуди барвақтӣ онҳоро заифтар мекунад. Ин мушкилии назарногири то ҳол ҳалношуда, тамоми ҷаҳонро азият медиҳад. Духтурон ҷаҳд менамоянд, то ба ин мушкил аҳмияти бештар дода шавад. Махсусан табибони руссиягӣ барои ҳалли ин мушкил кушиши зиёд менамоянд, чунки хатари барвақттавалудшавӣ ва ё камбуд таваллудшавии кудакон дар Руссия руз то руз меафзояд.
Мутахасисон қайд менамоянд, ки таваллуди барвақтии кудак дар занони калонсол, ки аз доруҳои зиёди муқобили ҳомиладоршавӣ истифода бурдаанд, ба чашм мерасад. Барои зинда мондани чунин кӯдакон, нигҳубини махсус лозим аст. Чунки таваллуди барвақтии кудак натанҳо ба худи ӯ балки барои волидон ҳам стреси калон ба ҳисоб меравад.
Бори аввал рӯзи байналмилалии кӯдакони норасидро соли 2009 дар Вена, дар майдони Михаили Муқаддас қайд карда шуда буд. Дар ин рӯз профессорони соҳаи тибб 500 пуфаи сафед ба ҳаво сар доданд. Дар соли 2010 бошад ин идро 12 давлати дунё қайд намуданд.
Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки қисми зиёди шахсони бузурги ҷаҳон норасид ва ба сухани дигар 7-моҳа таваллуд шуданд. Ба мисоли Бонапарт Напалион, Исаак Нютон, Алберт Энштейн, Адолф Гитлер ва дигарон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ