Грант барои чопи китоб чаро вуҷуд надорад?

Инак Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба имзо расид, ки метавонад дар рушди ҳунармандӣ нақши арзанда гузорад.

Хеле хуб мешуд, агар чунин грантҳо барои дастгирии адибон (шоирону нависандагон) низ таъсис меёфт. Агар чунин фонде мавҷуд бошад, ҳам адабиёт рушд мекунад ва ҳам барои адибон дастгирӣ мешавад. Онҳо аз ин ҳисоб метавонанд ақаллан китобҳои худро чоп кунанд. Зеро алъон яке аз мушкилоти асосии адибони мо — ин дарёфти маблағ барои чопи китоб аст.

Ё чунин фонд ҳасту мо аз он хабар надорем?

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА,

нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *